Бо пешниҳоди Тоҷикистон, ки ҳамраисии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”- ро дар соли 2020 ба уҳда дорад, 25 августи соли равон нишасти маҷозӣ (виртуалӣ)-и кормандони воломақоми раванди мазкур баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нишаст бо суханони ифтитоҳии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб оғоз шуд.
“Дар ҷаласа намояндагони кишварҳои узв, кумакрасон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, дар кори ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки қарор аст то охири соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардад, баррасӣ шуданд.
Инчунин атрофи вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, ҳамкориҳои кишварҳои узв дар раванди сулҳу субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои ёрирасон табодули назар сурат гирифт.
Ҳадаф аз фаъолияти“Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки соли 2011 бо ташаббуси Туркия “Конфронси Истанбул барои Афғонистон” роҳандозӣ шуд, таҳкими ҳамкории минтақавӣ оид ба масоили марбут ба Афғонистон унвон мешавад.
Дар чорабиниҳои “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” ҳайатҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид иштирок мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста