Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати парламентии Олий Маҷлиси Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси ин кишвар Улуғбек Иноятов дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, рушду инкишофи ҳамкориҳо, дар аксар соҳаҳои мавриди назар, бахусус парламентаризм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар бахши парламентаризм бениҳоят фарох буда, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва ғайраҳоро фаро мегирад.
Тазаккур дода шуд, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ҳар ду кишвар ба ҳамгироӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои амалии мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ афзоиш меёбад.
Вобаста ба ин, бояд дар мадди аввал механизми фаъолияти амалии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ роҳандозӣ гардад.
Иштирокдорони мулоқот изҳор доштанд, ки ҷиҳати бо мазмуни нав пурра сохтани ҳамкориҳои байнипарламентӣ, ки талаботи замони муосир мебошад, тамоми имконият ва захираҳои мавҷударо сафарбар хоҳанд кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста