Бо як фармони раисҷумҳур шоми 28-уми сентябр сафирони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҳиндустон ва Укроин аз мақомҳояшон барканор ва ба ҷойи онҳо сафирони нав таъин шуданд.
Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, дарозумуртарин сафири Тоҷикистон Шарофиддин Имом сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Афғонистонро баъди 12 соли сафирӣ аз мақомаш озод ва ба ҷойи ӯ Саъдӣ Шарифӣ сардори Раёсати кишварҳои Ховари миёни ва Африқои Вазорати корҳои хориҷиро сафир таъин кард. Хабари барканорӣ ва таъини сафир дар Афғонистонро дирӯз “Азия-плюс” бо такя ба як манбаъи боэътимоди худ расонаӣ карда буд. Дар фармони раисҷумҳур далели барканории Шарофиддин Имом “бо сабаби ба нафақа баромадан” гуфта шудааст.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Давлаталӣ Назризодаро, ки то ин вақт Консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербурги Русия буд сафири нави Тоҷикистон дар Укроин таъин кард. Файзулло Холбобоев бо фармони дигари раисҷумҳур аз мақоми сафирии Тоҷикистон дар Укроин ба далели ба кори дигар гузаштан, озод карда шуд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Султон Раҳимзодаро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод кард ва ба ҷойи ӯ Бобокалонзода Луқмонро таъин намуд.
Ҳамчунин бо фармони дигари президенти кишвар сарҳанг Ҳасан Сатторов сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Фонди байналмиллалии наҷоти Арал Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпурро, ки то ин вақт сафири Тоҷикистон дар Ҳиундустон буд, Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъин кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста