Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки Содиқ Ҳидоят нависанди варзида, яке аз равшанфикрони пештози Эрон ва Ризоқулихони Ҳидоят шоир, нависанда ва тазкиранависи даврони Қочориёни Эрон аз аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ ба далелҳои дар Табрез сукунат ихтиёр кардани Камоли Хуҷандӣ ишора карда, яке аз далелҳои боқӣ мондани Камолро дар Табрез аҳолии бештари шаҳрро ташкил додани тоҷикон номид. Президенти Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, ки "Таърихнависи бузурги ҳамасри Камоли Хуҷандӣ – Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ, ки бештар дар Табрез умр ба сар бурдаасту шоҳиди ҳол будааст, дар яке аз рисолаҳои худ чунин хабар медиҳад: — “Аксари мардуми бумии Табрез тоҷиконанд”.
Бино ба ишораи Эмомалӣ Раҳмон "яъне Камол он ҷо дар байни ҳамқавмон ва дар иҳотаи муҳити забони модарии худ қарор дошт ва бо хурду бузург дар муошират буд".
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханрониш ҳамчунин гуфт, ки Камол дар ин шаҳр издивоҷ карда чанд фарзанд ҳам доштааст: "Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад ва ишораҳои шахсӣ донишмандону адибони маъруф Ризоқулихони Ҳидоят ва Содиқ Ҳидоят аз ҷумлаи аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд",-гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз Камоли Хуҷандӣ ба унвони шоире ном бурд, ки "дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Табрез ҳамчун донишманди бузург ва шоири тавоно шуҳрат пайдо карда, ҳамзамононаш ӯро бо сифатҳои «саромади рӯзгор», «марҷаи хосу ом» ва «сархайли акобири айём» тавсиф кардаанд. Вай дар замони зиндагии худ соҳиби эътибору обрӯи баланд гардида, муриду шогирдони зиёд доштааст. Ҳатто навиштаанд, ки Камол сарварии доираи адабии Табрезро низ ба уҳда доштааст".
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ далели "эътибори баланд Камоли Хуҷандӣ"-ро дар "шоири озодманиш, соҳиби истиқлоли фикриву эҷодӣ ва шахси сарбаланду боғурур будаан" донист.
Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст ва адар адабиёти форсу тоҷик яке аз ғазалсароёни бузург эътироф шудааст. Имсол бо қарори ЮНЕСКО – Кумитаи илму фарҳанги СММ 700-солагии эшон ҷашн гирифта мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста