Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири нави Фаронсаро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса 7-12 ноябри 2019 баррасӣ шуда, аҳаммияти баргузории чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон таъкид гардид.
То ба ин вазифа таъин гардидан Мишел Тарран ба ҳайси ваколатдори муносибатҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикӣ дар Вазорати умури аврупоӣ ва хориҷӣ (солҳои 2016-2020), мудири Донишкадаи Фаронса ва Алянс Франсез дар Санкт-Петербург (солҳои 1991-1994), масъули масоили фарҳанг, илм ва ҳамкорӣ дар сафорати Фаронса дар Албания (солҳои 1994-1998), муовини роҳбари дафтари фаронсавии робита дар Косово (солҳои 1999-2001) ва мушовири ҳайати СММ дар Косово (солҳои 2001-2003) фаъолият кардааст.
Аз соли 2005 то соли 2009 дар вазифаҳои мушовири сафирати Фаронса дар Латвия, солҳои 2009-2013 - мушвири сафорати Фаронса дар Тунис, солҳои 2013-2016 - мушвири дипломатии раиси шӯрои минтақавии соҳили Прованс-Алп-Лазурӣ қарор дошт.
Мишел Тарран маълумоти олии таърихшиносӣ дошта, дорандаи Ордени миллии “Барои хизматҳои шоиста” мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста