Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҳошияи ҷаласа муроҷиати видеоии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш интишор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати президенти Россия Владимир Путин ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои давлатҳо дар доираи СҲШ ва масъалаҳои умдаи марбут ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни суханронӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои ҷониби Россия дар давраи раёсат дар Созмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон низ дар давраи раёсати худ дар соли 2021 тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи созмон ба марҳилаи наву босифат ворид гардида, чорабиниҳои нақшавии ин созмон, аз ҷумла ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шавад.

Тавре таъкид карда шуд, ҷаласаи кунунии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар даврае баргузор мегардад, ки минтақа ва ҷаҳонро паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 фаро гирифта, ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва молиявии аксари кишварҳои ҷаҳон, ҳамчунин ба ҷараёни рушди муносибатҳои байнидавлатии давлатҳои аъзо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти таъсири хатарҳои пешгӯйинашавандаи ин беморӣ ба иқтисодиёти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, зарурати рушди ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт, молия ва бонкдорӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш таъкид намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои созмонро ба зарурати дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, ҳамчунин муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, инчунин мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои бузурги Тоҷикистон дар соҳаи обу экология ва дастгирию ҷонибдорӣ аз онҳо ҷалб намуд.
Бо дарназардошти хатари афзояндаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаҳои маблағгузории терроризму экстремизми байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд ва афзоиши офатҳои табиӣ бар асари тағйирёбии босуръати иқлими сайёра ва таъсири инсон ба табиат Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази доимамалкунадаи зиддимуходиротии СҲШ ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар доираи Рӯзномаи байналмилалии об бори дигар таъкид намуда, дар хусуси дастгирии онҳо аз ҷониби шарикони Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин доир ба вазъи кунунии Афғонистон ва мусоидати давлатҳои аъзои Созмон дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин давлат, ҳамчунин тақвияти ҳамгироии созмон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус СММ фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошт.
Дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои СҲШ Баёнияи Москва ва силсилаи ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳамкориҳои ояндаи кишварҳои аъзо қабул гардиданд.
Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои СҲШ анҷом ёфт ва раёсат дар Созмон аз Федератсияи Россия ба ҷониби Тоҷикистон гузашт. Тибқи нақша, ҷаласаи ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки ба 20-солагии таъсисёбии ин созмон рост меояд, соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Навори видеои аз нишасти СҲШ
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста