Саид Ёқубзод раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар ду нишасти хабарӣ дар соли равон аз қарздории ширкатҳои Алимардонов хабар дода буд, имрӯз аз вазифа озод шуд.
Як манбаъ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба “Asia-Plus” хабар дод, ки айни замон фаъолони ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷамъ карда шудаанд ва интизори муарифии раиси нав ҳастанд. Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, ки ба ҷойи Саид Ёқубзод муовини аввали раиси ноҳия Сафар Раҳимзода иҷрокунандаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин карда шудааст.
Бояд гуфт, ки Саид Ёқубзод 5 майи соли 2019 ба вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин шуда буд.
Ҳамчунин як манбаъ аз мақоимоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабар дод, ки Раҳматулло Сафарзода, раиси ин ноҳия низ аз вазифа озод шудааст. Ба ҷои ӯ муовини аввали раис Илҳом Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин карда шудааст.
Ғайр аз ин ба вазифаи и.в раиси шаҳри Норак, ки раиси акунун собиқи шаҳр Маликшо Неъматзода дирӯз раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил интихоб шуд, Дилшод Асозода таъин гардид.
Ёдовар мешавем, ки Саид Ёқубзод дар нишастҳои хабариаш аввалин шуда аз напардохтани андозҳо аз ҷониби ширкатҳои Муродалӣ Алмиардонов ба хабарнигорон хабар дод, ки дар ҷомеъа вокунишҳои тундеро ба бор овард.
Ҳамчунин тибқи хабарҳои расида Абдухолиқ Холиқзода ба ҷойи Ислом Зиёзода раиси шаҳри Панҷакент ва Ашӯралӣ Ҷалилзода раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд таъин шудаанд. Раиси пешини ноҳияи деваштич Сулаймон Зиёзода дар кобинаи нави Ҳукумати Тоҷикистон вазири кишоварзӣ таъин шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста