Раиси Амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ки дар як соли ахир гуруҳи “Толибон” дар ин кишвар 18 ҳазору 200 ҳамларо дар сар то сари ин кишвар анҷом додаанд.
Аҳмад Зиё Сироҷ, раиси Амнияти миллии Афғонистон, ки дар пайи зиёд шудани ноамниҳои рӯзҳои ахир барои посухгӯйӣ ба Маҷлиси Сано (маҷлиси болоии порлумон)-и кишвараш даъват шуда буд гуфт, ки “Толибон” масъули 99 дар сади ҳамлаҳои ҳадафмандонаи рӯзҳои ахир дар кишваранд.
Ин масъули амнияти Афғонистон ҳарчанд нокомии истихборотиро барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои ҳадафмандона пазируфтааст, ба аъзои Маҷлиси Санои кишвараш гуфтааст, ки гуруҳи “Толибон” пас аз тавофуқ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Давҳа шабакаеро бо номи “Убайда корвон” барои ҳамлаҳои ҳадафмандона дар кишвар сохтаанд.
“Аз ҷадии соли гузашта то ҷадии имсол (аз 20-уми декабр то 20-уми декабр) ҳудуди 18 ҳазору 200 ҳамларо “Толибон” дар сар то сари кишвар роҳандозӣ кардаанд. Афроди боздоштшудаи “Толибон” ба амнияти миллӣ гуфтанд, ки ин гуруҳ барои террори кормандони давлатӣ, хабарнигорон ва фаъолони маданӣ ва шахсиятҳо шабакаеро бо номи “Убайда корвон” дар вилояти Лугар сохтаанд, ки мехоҳанд бо қатли онон сару садо эҷод кунанд”.
Аҳмад Зиё Сироҷ гуфтааст, ки дар ҷарёни як сол 6100 нафарро дастгир кардаанд, ки 3600 нафар дар қазияҳои террористӣ гумонбаранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста