Чин ба коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷоза надод ба ин кишвар бираванд ва далелҳои хуруҷи бемории коронавируси COVID-19-ро таҳқиқ кунунад. Қарор буд ин коршиносон ба шаҳри Вуҳани Чин, ки нуқтаи оғози ин бемории ҳамагир буд бираванд.
Дар ин бора Тедрос Аданом Гебрейесус, роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар додааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки пештар барои рафтани ин ҳайати коршиносон ба Чин мувофиқа ҳосил шуда буд. Хабаргузории Ройтерз ҳам навиштааст, ки Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст онҳо озими Чин буданд.
Як намояндаи СҶТ рӯзи 16-уми декабри соли гузашта гуфта буд, ки Пекин аз иқдоми рафтани гуруҳи таҳқиқӣ дар мавриди асли пайдоиши коронавирус дар соли 2019 ба шаҳри Вуҳан, истиқбол кардааст.
СҶТ гуфтааст, ки онҳо бо мақомоти аршади Чин дар тамос буданд ва бархе аз ин коршиносон дар роҳи сафар буданд, ки акнун маҷбуранд аз роҳ барганданд.
Ин амалкарди Чин дар ҳоле аст, ки хуруҷи коронавирус дар Чин интиқодҳои зиёдеро барои Пекин ба думбол дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз рафтори Чин дар мубориза бо COVID-19 интиқод кардаанд.
Аз замони пайдо шудани беморӣ дар шаҳри Вуҳан дар як соли қабл, то кунун бар асари пандемияи фарогири коронавирус беш аз 1,8 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ҷон бохта ва зиёда аз 86 миллион кас ба ин беморӣ мубтало шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста