Намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан шоми имрӯз, дар як сӯбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор кардааст, ки ИА аз оташбаси ҳосилшуда пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба хабарномаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин суҳбат бо ибтикори Буриан сурат гирифтааст ва гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврпуо барои кумаки фаннӣ дар марз омодааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин суҳбат бештар вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шудааст. "Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон ва чораҳои андешидашуда дар мавриди оташбас ва созиш дар бораи минбаъд ба эътидол овардани вазъ бо истифода аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ гузориш дод", -- навиштааст манбаъ.
Бояд гуфт, ки даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз бар сари тақсимоти об дар деҳаи Хоҷаи Аъло оғоз шуд, ки ба даргириҳои мусаллаҳона аз ҳар ду ҷониб кашонд. Ҳоло бино ба иттилооти то ин замон расида аз ду ҷониб бештар аз 70 нафар захмӣ шудаву 4 нафар аз сӯйи Тоҷикистон ва ду нафар аз ҷониби Қирғизистон кушта шудааст.
Нашри зиндаи хабарҳо дар мавриди даргириҳо ва хабарҳои лаҳза ба лаҳза аз макони рӯйдодро метавонед дар нашри зиндаи "Азия-Плюс" бихонед ва пайгирӣ кунед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста