Бақо Содиқов, коргардони варзидаи синамои тоҷик имрӯз ба 80-умин зинаи умри худ мерасад. Ӯ 13-уми июл дар Бухорои таърихии тоҷикон ба дунё омада, соли 1967 риштаи коргардонии Донишкадаи театриву-мусаввириро дар Тошканд ва курсҳои олии сенарянависӣ ва коргардонии синамоиро дар Маскав хатм мекунад.

Аз соли 1967 то 1993 дар «Тоҷикфилм» баунвони коргардони синамо кор кардааст. Филми “Адонис ХIV”-ро ӯ, ки соли 1977 барои дифои кори дипломии худ ба навор гирифтааст, танҳо дар даврони бозсозӣ- соли 1986 дар экаранҳо пайдо шуд, дар ҷашнвораҳои Маскав ва Мангаям ҷоизаҳо ба даст овардаст.

Филми тамсилӣ дар бораи буз-ҷосуси махсус мебошад, ки дар комбинати гӯшт тамоми рамаро ба куштор мебарад. Яке аз беҳтарин филмҳои коргардон - тамсилии образдори назмии “Бухорои шариф” мебошад. Ҳамчунин филмҳои сохтаи Бақо Содиқов ба мисли “Гирдбод”, “Ҷосус”, “Ҷазира”, “Парандаҳои гилӣ”, “Аввалин будан мушкил аст” (филми ҳуҷҷатӣ) ва даҳҳои дигар ҷоизаҳои ҷашнвораҳои синамоии байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо, Амрикои Лотин, Тошканд (ИҶШС, 1976) соҳиб шудаанд.

Бо эшон, ки ҳоло дар шаҳри қадимаи тоҷикон – Бухоро умр ба сар мебарад, суҳбати телефоние доштем, ки оҳанги гуфтории он дар ин мусоҳиба ҳифз шудааст.


- Устод, дар ин рӯзе, ки 80-сола мешавед, ба чӣ корҳо машғулед?

Бақо Содиқов: Ҳоло мо кор мекунем. Дар 80-солагӣ мо филми таърихие аз рӯзгори тақрибан 7 нафар фарзандони фарзонаи Бухоро, ки барои бақои ин шаҳр ҷоннисориҳо кардаанд, бардошта истодаем, ки 30-юми июл, насиб, манзури бинандагон мегардад. Ин 7 чеҳраи таърихии Бухоро на танҳо аз Бухоро, ҳамзамон аз Эрону Русия низ ҳастанд. Коргардонии филм ба дӯши ман асту писарам Улуғбек сенариянависи он ва мо бо маблағи худ филмро рӯи навор меоварем. Умеди калоне дорем аз он.

- Инсон аз минбари баланди 80-солагӣ, хусусан ҳунарманде мисле Шумо, ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе дорад?

Бақо Содиқов: Зиндагии гузаштаи мо бисёр аҷиб буд ва бисёр бурду бохт ва шодиву ҳузнро бо худ дошт. Аммо он чиро ки дар тавонамон буд, бо тамоми қувва кӯшидем, ки ба анҷом расонем.

- Он чиро, ки мехостед, ба халқ, ба бинандаи худ дода тавонистед?

Бақо Содиқов: Он чи ки мо мехостем, хеле ва хеле зиёд буд, вале моро пешпойӣ мемонданд, қадамзанӣ барои мо хеле мушкил гардида буд. Фарзи мисол, баъд аз филмбардории “Адонис ХIV” тақрибан 9 сол моро ба ҷабр аз саҳнаи синамо дур карданд, “Гирдбод”-и моро ба душворӣ қабул намуданд, “Бухорои шариф”-ро баъди даводавҳо ба озмунҳои байналмилалӣ бароварданд ва ҳамин гуна шуд, ки қисмати зиндагиямон сӯи хоки аҷдодӣ кашид. Медонед, ба бухориён як масалест, ки “оби дари хона – тира” мегӯянд...

- Дарвоқеъ, омили асосии домони зиндагиро ба Тошканду Самарқанд ва имрӯз ба Бухоро кашидани Шумо чӣ буд?


- Ман соли 1995 бо дили реш ва оҳи сӯзон аз Тоҷикистон ба Узбекистон сафар кардам. Ҳеч гоҳ намехостам, ки Тоҷикистонро тарк кунам ва ин дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд. Аслан, медонед, ман барои зиёрати марқади аҷдодони худ ба Тоҷикистон рафта будам, аммо ин хоки бостон маро дар худ печонд, ҷазб кард ва дигар натавонистам аз он дил биканам. Тоҷикистонро ман ба ибораву ҷумлаҳо гуфта, тавсиф карда наметавонам, он дар рӯҳу равони ман, бар қалби шикастаи ман ҷой гирифтааст ва дил кандан аз ин Ватан баробари ҷон кандан аст, ҷон кандан.

Вале гурӯҳи нохалафон маро бо фарзандонам таҳдид намудаву ба дасти онон силоҳ доданд ва водорам карданд, ки бо ашкҳои сӯзон тарки Тоҷикистон кунам. Ва ман аз Тоҷикистон ба Тоҷикистони дигар сафар кардам, аз Душанбе ба Бухорову Самарқанд.

- Шумо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон берун шудед, вале баъди оромиҳо дигар аз ниҳоде назири “Тоҷикфилм” ва ё Ҳукумат таклифи баргашт нашуд?

Бақо Содиқов: Боре шуд ва сарварии ниҳодеро ҳам пешниҳод карданд, аммо дигар дер шуда буд ва ман намехостам, ки бо ину он хариду фурӯшам кунанд.

- Ба наздикӣ Шумо шиносномаи шаҳрвандии Узбекистонро бо фармони Президент Шавкат Мирзиёев гирифтед. Аз ин шодед ва ё хайр?

Бақо Содиқов: Бале, бо он вуҷуд, ки ман зодаи Бухорои шариф ҳастаму ин ҷо бузург шудам, бо фармони Президент соли 2018 шаҳрвандии Узбекистонро соҳиб шуда, шаҳодатнома гирифтам. Хуб аст, ҳоло шаҳрвандӣ дорам, вале бо он ба дигар кишвар, хусусан ба Тоҷикистон бе “виза” сафар карда наметавонам.

- Аз фазои филмофарии Тоҷикистон то чӣ андоза воқиф ҳастед?

Бақо Содиқов: Каму беш огоҳ ҳастам, вале филме, ки ман мехоҳам, дар он фазо то кунун надидам.

- Устод, филмҳои ба сохтаи Шумо ҳама андешаҳои амиқи фалсафӣ доранд ва дар рафтору гуфтору кирдори қаҳрамонон ва образҳои офарида решаи миллӣ гирифтаву бинандаро ба фикр водор месозад. Мақсади Шумо ҳам ҳамин буд?


Бақо Содиқов: Бубинед, ман дар “Тоҷикфилм” солҳо фаъолият доштам ва аз беху буни он воқифам. Он солҳо филмҳое, ки ин ниҳод бо номаш “Тоҷикфилм” наворбардорӣ мекард, на тақлиди Аврупо буду на фарҳанги Осиёву ориё. Мобайни замину осмон ҳавола.

Филмҳое, ки наворбардорӣ мешуд, аз ифтихори миллӣ, фарҳанги волои ориёӣ, тамаддуни форсӣ-тоҷикӣ орӣ буд ва чанд дақиқа сохтакориву фиреби худу фиреби миллат буду халос. Баъзеҳо ҳатто алафи позадаи чарогоҳро мемонд, ки ҳайвон бӯй намекард.

Бале, андак пас силсилафилмҳо аз достонҳои “Шоҳнома” ва назири он пайдо шуданд, ки воқеияти таърихӣ, ҷасорату шуҷоат, нангу номус ва ҳуввияти миллиро инъикос мекарданд, вале бо тассуф, ки онон ҳам ангуштшумор буданд ва дигар чунинҳо нарӯиданд.


- Вале андешаест, ки Бақо Содиқов ба “Гирдбод”-е, ки бақо ёфт, содиқ намонд ва ба филмбардории шахсиятҳои таърихӣ (“Имом Бухорӣ”, “Амир Темур”, “Фидоиён” (дар бораи ҷадидҳо) ва филмномаи “Камоли Хуҷандӣ”) рӯй овард...

Бақо Содиқов: Филмбардории таърихӣ мушкилтарин навъи филмбардорист. Ва ман пайванду фарзанди ҷадидҳо ҳастам ва, намедонам, хуни ҷадидӣ дар шараёни танам ҳамеша ангеза медиҳад. Ҳоло кам кас медонад, ки Фитрат наздиктарин хешовандам аст. Бисёри чизро ки мебинам, ба назарам асл наметобад, қонеъам намекунад ва мехоҳам, онро такмил диҳам, онро созам, на сафсатаву афсонаро, балки филмро, таърихро, тамаддунро, худро, ҳамаро.

Моро зарур буд, ки ба ин сабт оем ва, фикр мекунам, ман то ҳол кореро ба сомон нарасонидаам. Баъд аз ба Узбекистон омадан ҳудуди 20-сол банда бекор будам ва кори аз дастам меомадаро анҷом дода наметавонистам. Таърих ҳамеша ҷаббор буд, ҷабр мекунад...

- Шумо дунболи филмҳое рафтед, ки рамзу маҷозу кинояву истиораро бо худ дорад, аммо он рӯзу имрӯз мепиндоред, ки мардуми мо ин андешаро аз филмҳои Шумо хонда метавонист, даркаш мекард?

Бақо Содиқов: Бале, ҳадафатонро фаҳмидам. Аммо ҳар филм бинандаи хоси худро дорад, махсус барои фалон қишр омода мегардад. Ин ҳадафи аввалини коргардон аст, ки бинандаи филми ояндаи худ пешопеш маълум месозад. Дар ҳамаи филм тамошобини тасодуфӣ дар дақиқаҳои аввал маълум мегардад ва онон як-як дар лаб сигор ва ё ду-ду дастобадаст баромада мераванд. Баъд бинандаи воқеӣ дар зал менишинад. Дар ёд дорам, соатҳо зали кинотеатри “Борбад”-у “Ҷомӣ” ва “Ватан” дар Душанбе пуропур мешуданд. Ҳатто боре бо мушкилоти техникӣ 2 соат филм ба таъхир афтод, аммо бинанда залро тарк намекард. Пас фикр мекунам, ки онон чизеро дар филм медиданд, дарк мекарданд.


- Устод, бо ин ҳама донишу маҳорату малака ва зеҳнияти наву ҷадидгароӣ барои омӯзонидани он ба ҷавонон кореро анҷом надодед?

Бақо Содиқов: Шогирдонамон ҳастан, ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Узбекистон.

- Оё бо ҳамтоҳои тоҷикистонӣ иртиботе доред?

Бақо Содиқов: На он қадар.

- Огоҳ ҳастед, ки тартибу нақшаи филмбардори “Исмоили Сомонӣ” дар арафаи банаворгирист?

Бақо Содиқов: Бале аз ин чиз воқифам ва замоне ки ин хабарро шунидам, хеле шод гаштам. Ман барои басифат ва миллӣ баромадани ин филм омодаи ҳама гуна ёриву роҳнамоӣ ҳастам, вале қувваи комили коргардониву таҳияашро дигар надорам.


- Дар ин фазои куруноӣ чӣ ҳолу ҳавое доред?

Бақо Содиқов: Ҳазорон сипос Худойро, ки то ин дам дар байни халқамон будам ва орӣ аз балову газофҳои олам.

- 80-умин зинаи умрро чӣ гуна таҷлил мекунед?

Бақо Содиқов: Дар ҳалқаи дӯстону пайвандону шогирдон ҳастем ва ҳарон чи ки лутфи Худо бошад, ҳамон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.