Хусрав Нозирӣ аз мақоми муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барканор ва Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таъин шудааст. Дар инбора торнамои президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бар асоси иттилои манбаъ Нозирӣ бо ризояти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ин мақом таъин шудааст.
Хусрав Нозирӣ дар гузашта сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб буд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки бо номи ECO маъруф аст, соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Қароргоҳи ин созмони минтақавии байнищукуматӣ дар шаҳри Теҳрони Эрон аст.
Тоҷикистон соли 1992 дар баробари Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои ин созмон шуд.
Дар ҷаласаи 50-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1995 Қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо СҲИ қабул гардид ва сипас СҲИ мақоми нозирро дар СММ касб намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста