Интизор меравад, ки дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 75 парвози мустақим анҷом дода шавад. Дар ин бора, сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дода, ҷадвали эҳтимолии парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс нашр кардааст.
Манбаъ менависад, ки мувофиқи қарори Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия аз 27 август, ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар ҷадвали нави реҷаи мунтазамро ташкил намудаанд.
Тибқи ҷадвали мазкур, ширкати «ЮТэйр» 31 август, 2, 4, 5 ва шурӯъ, аз 7 сентябр ҳар рӯз якпарвозӣ аз Маскав (Внуково) ба Душанбе анҷом медиҳад. Ҳамин тариқ, рӯзҳои 1, 3, 5, 6 ва шурӯъ, аз 8 сентябр ҳар рӯз аз Душанбе ба Маскав (Внуково) ҳавопаймо парвоз хоҳад кард.
Ҳамчунин, ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” аз 27 август ҳамарӯза аз Душанбе ба Маскав ва баръакс парвози мунтазам анҷом медиҳад. Гуфта шудааст, ки ҷадвали парвозҳои “Сомон Эйр” ба минтақаҳои дигари Русия мушаххас карда мешавад.
Зимнан, ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта ба 38 самт парвозҳои мустақим анҷом диҳад. Аз ҷумла, парвозҳо аз Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Маскав, Санкт - Петербург, Екатеринбург, Жуковский, Қазон, Калуга, Краснодар, Красноярск, Липетск, Минералние Води, Налчик, Нижнекамск , Нижний Новгород, Новосибирск, Перм, Ростови лаби Дон, Самара, Уфа, Челябинск анҷом дода мешавад. Вақту замони парвозҳои мазкур дар ин ҷой аст.
Ширкати ҳавопаймоии “S7 Airlines” (Сибир) ба нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта дар 23 хатсайр парвозҳои мустақим дошта бошад. Аз ҷумла парвозҳо аз Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Маскав, Астрахан, Барнаул, Владивосток, Волгоград, Воронеж, Иркутск, Кемерово, Краснодар, Нижний Новгород, Омск, Оренбург, Саратов, Тюмен, Челябинск пешбинӣ шудааст. Вақту замони парвозҳои мазкурро аз ин ҷо мешавад пайдо кард.
Бояд гуфт, ки шурӯъ аз 1 сентябри соли 2021 вуруди тамоми шаҳрвандон ба ҳудуди Федератсияи Россия бе доштани ҳуҷҷат дар намуди “QR-code”-и “Саёҳат бидуни COVID-19» манъ аст.
Ёдовар мешавем, ки бо вуҷуди роҳандозии парвозҳои мунтазам, нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ҳамоно қимат аст ва он дар нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе бо арзиши аз 5 то 6,5 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки мақомот чанде пеш гуфта буданд, ки бо роҳандозии парвози мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон нархи чиптаи ҳавопаймо арзон мешавад. Гузориши “Азия плюс” - ро дар бораи нархи билет дар инҷо мутолиа намоед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Мавқеи шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дар радабандии “Henley & Partners“ 5 зина поён рафтааст
Маълум шуд, ки иди Меҳргон, тарбузу харбузаву каду ва себу ангур кай ва дар куҷо таҷлил мешаванд
Натиҷаҳои ҳамоиши "Dushanbe Invest – 2025". Тоҷикистон ба маблағи $4,1 млрд беш аз 50 шартнома ба имзо расонид
Далер Ҷумъа: “Тоҷикистон дар таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо барқ нақши муҳим дорад”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 октябри соли 2025
Футбол бо як пой. Чӣ гуна Неъматуллои 11-сола ҳамара ба ҳайрат овард?
Парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро қабул кард
Имзои қариб 30 созишнома ба маблағи $3 млрд дар рӯзи аввали ҳамоиши байналмилалии "Dushanbe Invest–2025"
Вазири саноат: “Тоҷикистон аввалин кишвари истеҳсолкунандаи литий дар фазои ИДМ хоҳад буд”
Таҳсил дар коллеҷҳо як сол кам шуд. Дар Тоҷикистон шаклҳои нави таҳсил қабул гардид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста