Сафири подшоҳии Арабситони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, имрӯз барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи Меҳмони Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми май дар бемористон даргузашта буд, рафтааст.
Дар як хабарнома, ки Сафорати Арабистони Саудӣ барои расонаҳо фиристодааст, гуфта Сафири Арабистони Саудӣ ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Нависандаи халқии Тоҷикистон, марҳум Меҳмон Бахтӣ, ки рӯзи 20 май дар синни 81 аз олам чашм пӯшиданд, изҳори таслият ва ҳамдардӣ намуданд".
Сафири Саудӣ дар хонаи Меҳмон Бахтӣ, дар ҳузури фарзандону пайвандонаш гуфтааст, ки марҳум рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хидматҳои шоистаро ба анҷом расонида, осори ӯ дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд касб намудааст.
"Барои зиндаёд аз даргоҳи Худованди мутаъол ҷаннати ҷовидон ва ба хешу пайвандон сабру тасаллӣ масъалат дорем",-гуфтааст Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон.
Сафорати Саудӣ гуфтааст, ки марҳум Меҳмон Бахтӣ ба ҳайси меҳмони шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷҷи 2019 ширкат карда буд.
Меҳмон Бахтӣ, нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи тоҷик буд, ки солҳо вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ буд. Эшон аз соли 2003 то 2015 масъулияти раисии Иттифоқи нависандагонро ба дӯш дошт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста