Соҳибкори тоҷик, Ҷовиддон Муҳаббатов, муассис ва роҳбари ширкати "Лазурит", дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар нахустин Ҷашнвораи байналмилалии зардӯзӣ ва заргарии Бухоро, яке аз се ҷоизаи ин ҷашнвораи байналмилалиро соҳиб шудааст.
Ин ҷашнвораи байналмилалӣ аз 21 то 25 май имсол дар шаҳри Бухорои Узбакистон бо иштироки 150 намоянда аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
Ширкати "Лазурит"-и соҳибкори тоҷик тобистони соли гузашта дар назди "Анҷумани заргарони Тошканд"-и Узбекзаргарсаноат сабти ном шудааст .
Ин ширкат ба коркард, вероиш ва харуду фурӯши сангу филизҳоиҳои қиматбаҳо ва нимақиммат сару кор дорад.
Ширкати "Лазурит" дар ин ҷашновора барандаи мақоми сеюм, диплом, сертификат ва ҷоизаи молиро дар бахши "Беҳтарин ширкати заргарӣ" соҳиб шудааст.
Ҷашновораи байналмилалии зардӯзӣ ва заргарии Бухоро, ки имсол бори нахуст баргузор шуд, бо фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон минбаъд дар ду сол як бор баргузор мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста