Шурӯъ аз моҳи июн, пас за танаффуси дусола парвозҳои мустақим ба Чин дубора барқарор мешавад. Парвози аввалин рӯзи 23 июн тавассути хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Азиз Набизода, муовини директори Оҷонсии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон хабар дод.
Номбурда гуфт, парвози нахустинро дар ин самт ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” анҷом медиҳад.
- Ҳанӯз дар моҳҳои май-июни соли 2020 мо ба мақомоти Чин дар бораи омодагии Тоҷикистон барои аз сар гирифтани парвозҳои ҳавоӣ маълумот ирсол карда будем. Чанд рӯз пеш мо посухи расмӣ гирифтем, ки дар он ҷониби Чин низ омодагии худро барои аз сар гирифтани парвозҳо изҳор дошт, - гуфт Набизода.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” дар ду ҳафта як парвоз анҷом медиҳанд.
Номбурда афзуд, интизор меравад, дар оянда шумораи парвозҳо зиёд карда шавад
Қобили зикр аст, ки аз моҳи октябри соли 2020 барқарор намудани парвозҳо миёни ду кишвар ба нақша гирифта шуда, аммо пайваста мавқуф гузошта мешуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки мунтазири посухи ҷониби Чин ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, Тоҷикистон 10 апрели соли 2020 марзҳояш бо Чинро баста буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста