Мақомоти ҳукумати Исфара мегӯянд, ҳар он чи барои парастории чаҳоргоникҳо Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса лозим аст, муҳайё месозанд ва алакай қисме аз кумакҳоро ба пайвандонаш расонидаанд.
Рӯзи 10-уми июн Мавзуна Сангинова, сокини 27-солаи ҷамоати Чоркӯҳ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд чоргоник таваллуд кард ва пизишкон гуфтанд, навзодон ҳама духтарча буда, бо усули буриши қайсарӣ ба дунё омадаанд.
Мадина Бобоиён, муовини раиси шаҳри Исфара дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи 22-уми июн ба аёдати чаҳоргоникҳо ба таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд омадаанд ва ба модарашон шаҳодатномаи таваллуд, як миқдор маблағи пулӣ ва тӯҳфаҳо ҳадя карданд. Ӯ гуфт, ҳангоми аз беморхона рухсат шудан ҳукумати Исфара навзодон ва хонаводаи ӯро зери назорат мегирад ва боз кӯмакҳо мерасонанд.
“Пас аз ба хона рухсат шудан, мо як нафар ҳамшираи тиб ва намояндаи хизматрасониро пурра барои нигоҳубини кӯдакон дар хона вобаста мекунем. Бинобар сабабе, ки инҳо чоргоник ҳастанд, шояд шири модар намерасад, аз ин рӯ, мо як гови ширдеҳ тақдим мекунем ва шароити хонаашонро боз дида мебароем. Бо пайвандони ин модар сӯҳбат кардем ва минбаъд низ аз ҷониби ҳукумати Исфара зери назорат мегирем”, - гуфт Мадина Бобоиён.
Гуфта мешавад, хонаводаи Мавзуна Сангинова зиндагии миёнаҳолона доранд ва шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Бобоева афзуд, онҳо барои зисту зиндагонӣ ва нигоҳубини навзодон хона доранд, вале масъулини ҷамоати Чоркӯҳро вазифадор кардаанд, ки то аз беморхона рухсат шудани модару кӯдак манзили онҳоро пурра аз назар гузаронанд.
Ба иттилои Расати тандурустии Суғд, Мавзуна Сангинова нахустин модар аст, ки дар соли ҷорӣ дар вилоят чаҳоргоник ба дунё овард. Пайвандонаш ба навзодон Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мӯниса ном гузоштаанд, ки ба гуфти табибон онҳо бо вазни мутаносибан 1,6 кг, 1,8 кг, 1,38 кг ва 1,18 кг ба дунё омаданд.
Дар зоишгоҳи шаҳри Хуҷанд давоми имсол 1833 тифл ба дунё омадааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 204 нафар зиёд аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста