Шамсулло Тағоев, сардори Маркази инноватсия ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар озмуни «Омӯзгори беҳтарин-2022» миёни омӯзгорони донишгоҳҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сазовори ҷой дуюм гардидааст.
Гуфта мешавад, ки мақолаи пешниҳоднамудаи ӯ барои чоп дар 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин-2022» интихоб гардид.
Тавре номбурда дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» гуфтааст, барои ширкат намудан дар озмуни мазкур се моҳ пеш мақолаҳои худро пешниҳод намудааст.
«Дар нашри 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин-2022» аз Тоҷикистон мақолаи ман ва муҳаққиқи факултети информатикаи ДДБ ба номи Н.Хусрав Саёҳат Сафарова интихоб гардид. Аз ҷониби кумитаи тадорукот, ба ҷой дуюм, диплом ва медали сарисинагӣ сарфароз гардидам», - гуфтааст Тағоев.
Номбурда, инчунин яке аз иштирокчиёни фаъоли Мактаби тобистонаи байналмилалӣ мебошад, ки аз 4 то 9 июли соли равон дар Русия доир гардид.
Дар ин озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар: Шамсулло Тағоев аз ДМТ ва Саёҳат Сафарова – муҳаққиқи факултети информатикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав интихоб гардида буданд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон, (Қазоқистон) ва дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» доир гардид.




Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52
Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2026
Хона ба хонаи арӯсон. “Хонагаштак” чӣ гуна ҷашн аст ва ба Наврӯз чӣ қаробат дорад?
Аз қатъи маблағгузории PEPFAR як сол гузашт. Тоҷикистон тавонист роҳи бурунрафт аз ин буҳронро пайдо кунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста