Дар марҳалаи аввал дар 250 автобус ва 100 троллейбуси шаҳри Душанбе таҷҳизоти “GPS tracker” насб гардид, ки фаъолияти онҳо дар хатсайрҳо тариқи электронӣ назорат мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.
Таҷҳизоти муосир ҳаракати автобусу троллейбусҳоро дар хатсайр, хароҷоти сӯзишворӣ ва шумораи мусофиронро дар нақлиёт назорат хоҳад кард.
Ин ниҳод мегӯяд, дирӯз, 19 июл дар асоси қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ “Маркази ягонаи танзимгарӣ оид ба назорати электронии фаъолияти автобусу троллейбусҳо дар хатсайрҳо дар шаҳри Душанбе” рӯнамоӣ шуд ва он дар назди шуъбаи танзими МДК "Душанбенақлиётхадамотрасон" фаъолият хоҳад кард
Масъулин гуфтаанд, ки ба фаъолият оғоз намудани ин марказ сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва назоратро болои ронандагон пурзӯртар мекунад.
«Тавассути барномаи мазкур ҳамарӯза метавон маълумоти мушаххасро доир ба масофаи тайкардаи воситаи нақлиёт, хароҷоти сузишворӣ, шумораи мусофироне, ки давоми рӯз дохили воситаи нақлиёт гардидаанд, дастрас намуд», - гуфтааст, Саъдӣ Самадзода, директори КВД «Шаҳри ҳушманд».
Фирдавс Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе афзудааст, ки амалишавии барномаи мазкур ҳаракати мунтазами автобусу троллейбусҳоро дар хатсайрҳои пойтахт таъмин мекунад.
«Дар ҳоли ҳозир роҳбарони корхонаҳои нақлиётиро зарур аст, ки ба шабакаи хатсайрҳо автобусу троллейбусҳоеро сафарбар намоянд, ки дар онҳо таҷҳизотҳои “GPS tracker” насб гардидааст. Дар марҳилаи дуюм хатсайрҳои автобус ва троллейбусҳоеро, ки фаъолияти онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои марказӣ ба роҳ монда шудааст, пурра ба таҷҳизоти GPS tracker таъмин намоянд», - иброз намудааст Саидзода.
Насби дастгоҳи назоратӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, махсусан автобусу троллейбусҳо ва назорати фаъолияти онҳо дар ҳолест, ки қариб ҳамарӯза сокинон аз сатҳу сифати фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят мекунанд. Онҳо аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон, муомилаи бади ронандагон бо онҳо ва сатҳи пасти хизматрасонӣ шикоят мекунанд. Мақомот сари чанд вақт аз боздошт ва ҷазои ронандагони “беодоб” хабар медиҳанд.





Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста