Субҳи имрӯз, 25 июл ба Тоҷикистон 204 ҳазору 750 воя (доза) ваксинаи «Pfizer» истеҳсоли ИМА ворид гардид.
Тавре ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ваксинаҳои мазкур дар доираи механизми COVAX ворид шуда, дар анбори махсус нигоҳ дошта мешаванд.
“Давоми шаш моҳи соли равон ба кишвар 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1 002 800 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид шуданд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, дар доираи механизми COVAX аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон беш аз 15 млн 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст.
Мувофиқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли ҷорӣ, ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст.
Шахсоне, ки ваксинаи зидди коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табиби оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.
Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли 2022 дар Тоҷикистон маъракаи ваксинзанӣ бо вояи сеюм оғоз гардид. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то аввали моҳи июл вояи 1-уми ваксинаро - 5 млн 263 ҳазору 527 нафар (94%), вояи 2-юмро - 5 млн 158 ҳазору 348 нафар (92,2%) ва вояи 3-юми ваксинаро - 4 млн 104 ҳазору 7 нафар гирифтаанд.





"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста