Дар зарфи 6 моҳи соли равон зиёда аз 363 ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,9 баробар зиёдтар мебошад.
Зиёда аз 95%-и сайёҳон, ки давоми моҳҳои январ-июни ҳамин сол ба Тоҷикистон омадаанд, шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ, асосан аз Ӯзбекистон будаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмӣ, вуруди сайёҳон ба ҷумҳурӣ тайи ду соли ахир бар асари маҳдудиятҳои сартосарии марбут ба пандемияи COVID-19 қариб 4,4 баробар - аз ҳудуди 1,3 млн нафар дар соли 2019 то ба 296 ҳазор нафар дар соли 2021 кам шуда буд.
Нимсолаи аввали соли 2022 ҳудуди 469 ҳазор шаҳрвнадони хориҷӣ бо ҳадафҳои гуногун (сафари корӣ, истироҳат ва ғайра) ба Тоҷикистон омадаанд, ки 2,1 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.
Вуруди бештари хориҷиён ба ҷумҳурӣ аз Ӯзбекистон (319 ҳазор нафар), Русия (112 ҳазор), Қазоқистон (9,7 ҳазор), ИМА (2,9 ҳазор), Туркия (2,7 ҳазор), Чин (2 ҳазор), Қирғизистон (1,9 ҳазор), Эрон (1,8 ҳазор) ва Афғонистон (1,5 ҳазор) ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Агентии омор, то аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 240 ширкатҳои сайёҳӣ кор мекарданд, ки 19 ширкат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.
Дар ҷумҳурӣ 182 меҳмонхона, аз ҷумла 6-то панҷситорадор, 19-то чорситорадор, 16-то сеситорадор, 3-то дуситорадор, инчунин 2 меҳмонхонаи дараҷаи аввал ва 136 меҳмонхона бедараҷа фаъолият доштанд.
Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ, 28 хостелу мотел (ҷойи хоб ва меҳмонхонаҳои хурд), 51 осоишгоҳ, 7 маркази фароғату солимгардонӣ, 5 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 4 пойгоҳ (база)-и сайёҳӣ амал мекунанд.
Қобили зикр аст, ки мутахассисон сайёҳиро дар баробари соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва гидроэнергетика яке аз бахшҳое медонанд, ки дар оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати зиёд карда метавонад.






Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста