Ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ тасмим дорад, барои оилаи Муродбек Маҳмадқулов, сарбози тоҷике, ки моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Исфара аз тири сарбозони қирғиз кушта шуд, хона созад.
Дар ин бора Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ дар нишасти матбуотӣ, рӯзи 26 июл соли хабар дод.
"Мо бо шароити зисти оилаи сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов шинос шудем. Маълум шуд, ки оилаи сарбоз дар шароити вазнин зиндагӣ мекунанд. Мо замин ҷудо кардем, тасмим гирифтем барои волидайни ин сарбоз манзили зист бисозем",- гуфт Нишонзода.
Раиси ноҳия афзуд, ҳамчунин, мактаби рақами 33-и ноҳияро, ки Муродбек Муҳамадқулов онро хатм кардааст, ба номи ин сарбоз мегузоранд.
Ӯ гуфт, қарор аст, дар ноҳияи Дӯстӣ кӯчае ба номи Зоир Саидмуродов, сарбози дигаре, ки аз дар муноқишаи марзӣ аз тири қирғизҳо кушта шуд, гузошта шавад.
“Ин масъалаҳо дар сесияи навбатии маҷлиси вакилони халқи ноҳия баррасӣ хоҳад шуд”, - гуфт раиси ноҳияи Дӯстӣ.
Ёдовар мешавем, ки Муродбек Маҳмадқулов моҳи июн ва Зоир Саидмуродов моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи тирпарронии марзбонони қирғиз дар вилояти Суғд кушта шуданд. Ҳар дуи онҳо зодагони ноҳияи Дӯстӣ буданд.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста