Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти кишвар фаъолияти 7 макотиби таълимиро дар кишвар қатъ кардааст. Сабаб - ба талаботи стандартҳои соҳаи маориф ҷавобгӯ набудан аст. Дар ин бора имрӯз, 2 август директори оҷонсӣ Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, инҳо муасисаҳои таълимии зерин мебошанд:
- Мактаби хусусии Мирзо Ҳасанзода дар ноҳияи Мастчоҳ;
- Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Ояндаи дурахшон» дар шаҳри Бӯстон;
- ҶДММ «Ҳисор»;
- ҶДММ «Хонаи британиягӣ» (кӯдакистон) дар шаҳри Душанбе;
- Маркази таълимии «Чароғи дониш» дар шаҳри Душанбе;
- Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сафои Ватан» дар шаҳри Душанбе;
- Ихтисосҳои тиббии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд»;
Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки дар ин давра кормандони оҷонсӣ 523 аттестатсияи давлатӣ, 306 акредетатсияи давлатӣ, 13 расмиёти дубора ва 125 ташхиси иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимиро ба анҷом расониданд.
«Натиҷаи санҷиши сатҳи муассисаҳои таълимии мамлакат маълум намуд, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дар самти асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва таъминоти кадрии муассисаҳои таълимӣ, ки омили асосии баландбардории сифати таҳсилот маҳсуб мешаванд, тағйироти мусбат ба мушоҳида мерасад», — афзуд Субҳон Икромзода.
Номбурда авзуд, ки дар асоси нақша дар шаш моҳи соли 2022 ҷиҳати муайян намудани сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 515 муассисаи таълимӣ санҷиши сатҳи сифати таҳсил гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 16 муассиса зиёд мебошад.
Қатъи фаъолияти 7 макотиби таълимӣ дар кишвар дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар паёми охири худ, аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳои кишвар интиқоди шадид карда буд.
Ӯ гуфта буд, системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст ва омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд.
- Аксарияти омӯзгорон бо равишҳои кӯҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои кӯҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем, - гуфта буд раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба назари Эмомалӣ Раҳмон, бо ин шева "мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар ин ҷо (калла) чизе нест".





Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон. Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандононаш тавсия дод, ки Эронро тарк кунанд
Вазорати корҳои хориҷии Эрон: “Бо иқтидор ҷавоби таҷовузкоронро медиҳем”
Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард
Хабари муҳим барои ронандагони воситаи нақлиёт: Оғози ҷаримаи худкор барои надоштани суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии мошин
НАВШУДА: Трамп оғози "амалиёти размӣ"-и Амрико алайҳи Эронро тасдиқ кард
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ зерсохтори бехатарӣ дар роҳ пайдо шуд
Амрикоиҳо тоҷикӣ меомӯзанд. Қиссаи тоҷике, ки дар Донишгоҳи Канзас дарси забони тоҷикӣ медиҳад
Афзоиши пешниҳоди қарз ба аҳолӣ аз сӯйи бонкҳои Тоҷикистон
Сабтиноми довталабон барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз мешавад. Довталаб бояд чиро донад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 феврали ноябри соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста