Пас аз ду соли пандемия, аз 19 то 21 августи соли 2022 дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ (ВМКБ, Тоҷикистон) Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад. Имсол Фестивал дар шакли омехта ҳам намоиши зинда ва ҳам пахши мустақим доир мегардад.
Тақрибан 100 навозанда аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Фаронса, Австрия ва Нидерланд дар саҳна ва тариқи пахши мустақим ҳунарнамоӣ мекунанд, то ҳунарҳои беназири худро дар услуби мусиқии анъанавӣ ва омехта намоиш диҳанд. Дар давоми се рӯзи ҷашнвора созмондиҳандагон интизор доранд, ки беш аз 10 000 тамошобинро қабул намоянд.

Ҳадафи ҷашнвора инъикоси зебогии гуногунии фарҳангӣ (Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ ҷаҳон) ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ тавассути ифодаи шаклҳои мухталифи санъат ва анъанаҳои гуногуни фарҳангӣ мебошад. Он инчунин ба арзишҳои инсонӣ ва ҳамзистии осоишта дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи Фестивал аз ҷониби ҳунармандони касбӣ барои донишҷӯён, навозандагон, санъатшиносон, дӯстдорони мусиқии ватанӣ ва хориҷӣ силсилаи дарсҳои маҳоратӣ доир хоҳанд шуд.
Намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва як бозори анъанавии хӯрокворӣ, маҳсулоти фарҳангии маҳаллӣ, инчунин филмҳои ҳуҷҷатӣ ва видеоҳои мавзӯӣ пешкаши иштирокдорон мегарданд.

Имсол донори асосии ҷашнвора - Ҳукумати Швейтсария низ 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария ҷашн мегирад. Тавре муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Ричард Шеневард қайд кард: «Ҷашнвораи «Боми Ҷаҳон» ба як рӯйдоди муҳими фарҳангиву сайёҳӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар Хоруғ табдил ёфтааст. Мо хурсандем, ки ин ташаббуси ҳаётан муҳимро дар тӯли даҳсола дастгирӣ менамоем".
Баргузории ҷашнвора инчунин аз ҷониби Ҳукумати маҳаллии ВМКБ, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди Оқохон, Барномаи мусиқии Оқохон, Сафорати Фаронса ва Маркази фарҳангии Бохтар дастгирӣ карда мешавад.

Дар корҳои тадорукотии ҷашнвора як дастаи мутахассисони содиқ ва ихтиёриёни маҳаллӣ, ки ҳамасола дар Боми Ҷаҳон ҳувияти фарҳангӣ ва гуногунии анъанаҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ва дигар халқҳоро бо шавқу ҳаваси беандоза таҷлил ва намоиш медиҳанд, саҳми назаррас доранд.




НАВШУДА: Трамп оғози "амалиёти размӣ"-и Амрико алайҳи Эронро тасдиқ кард
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ зерсохтори бехатарӣ дар роҳ пайдо шуд
Амрикоиҳо тоҷикӣ меомӯзанд. Қиссаи тоҷике, ки дар Донишгоҳи Канзас дарси забони тоҷикӣ медиҳад
Афзоиши пешниҳоди қарз ба аҳолӣ аз сӯйи бонкҳои Тоҷикистон
Сабтиноми довталабон барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз мешавад. Довталаб бояд чиро донад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 феврали ноябри соли 2026
Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста