Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи тартиби гирифтани ҳуҷҷати маъмурии  дорои  хусусияти  иxозатдиҳиро ба баҳс кашиданд.

Фишурдаи ин суҳбатро дар шакли хаттӣ пешниҳоди шумо мекунем:

Тартиби пешниҳод намудани ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати ичозатдиҳӣ чигуна мебошад? Шахси  довталаб ба мақомоти ваколатдори давлатӣ кадом ҳуҷҷатҳоро бояд пешниҳод кунад? 

- Тартиби  пешниҳод намудани  ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар моддаи 21 Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  низоми   иҷозатдиҳӣ» пешбинӣ шудааст. Барои гирифтани ҳуҷҷати  иҷозатдиҳӣ аризадиҳанда ё шахси ваколатдори ӯ аризаи имзошудаи намунааш аз  ҷониби  мақоми иҷозатдиҳанда муқарраргардидаро шахсан бо  мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ ба мақоми дахлдор  пешниҳод менамоянд. Ҳуҷҷатҳо дар шакли нусха пешниҳод карда мешаванд. Маълумоте, ки дар ҳуҷҷат ва иттилооти пешниҳодгардида зикр ёфтааст тибқи расмиёти равзанаи ягона санҷида мешаванд. Талаб кардани ҳуҷҷатҳои дигар аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда манъ аст.

Зимнан ёдрас мешавем, ки ҳангоми ба сомонаи маrоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ бо имзои электронӣ фиристодани аризаи электронӣ барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ замимаҳои он дар шакли электронӣ (нусхабардории ҳуҷҷатҳои аслӣ) пешниҳод карда мешаванд. Дар бораи рад кардани баrайдгирии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аризадиҳанда шахсан, бо мактуби фармоишӣ ё ба воситаи почтаи электронӣ дар мӯҳлати на бештар аз се рӯзи кории пас аз рӯзи муроҷиат намудан, бо нишондоди асос барои рад намудани баrайдгирии ариза, огоҳонида мешавад.

Мақоми  ваколатдори давлатӣ дар бораи додан ё надодани ҳуҷҷатӣ иҷозатдиҳӣ, масалан  иҷозат, сертификат, хулоса, дар давоми чанд рӯз бояд қарор қабул  намояд? 
 
Дар  моддаи  22  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  низоми   иҷозатдиҳӣ» дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё дар бораи рад кардани ариза барои гирифтани он меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.
Мақоми иҷозатдиҳанда дар асоси ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида дар бораи додан ё рад намудан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ   дар мӯҳлати на бештар аз даҳ  рӯзи  корӣ аз рӯзи бақайдгирии он қарор қабул менамояд.

Агар аризадиҳанда дар муддати сӣ рӯзи баъди ба ӯ фиристодани (супурдани) огоҳинома дар бораи қабули қарор оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, бе сабабҳои узрнок барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии барасмиятдаровардашуда муроҷиат накарда бошад, мақоми иҷозатдиҳанда ҳуқуқ  дорад  қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро бекор кунад ё дар бораи беэътибор донистани он қарор қабул намояд.

Моҳияти принсипи «маъқулдонии худ аз худ» - дар чӣ ифода меёбад?

Дар моддаи 16  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дар бораи принсипи ё худ ғояи « маъқулдонии худ аз худ» меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Маъқулдонии худ аз худ - расмиёте, ки дар натиҷаи он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шуда, азнавбарасмиятдаровардашуда ва барқароршуда ҳисобида мешавад, агар мақоми иҷозатдиҳанда вобаста ба ариза дар мӯҳлат ва бо шартҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, бо огоҳонидани аризадиҳанда қарор қабул накарда бошад.

Моҳияти принсипи мазкур дар он ифода меёбад, ки  ҳуҷҷати  иҷозатдиҳӣ  додашуда ё вобаста ба ҳолатҳо мӯҳлати амали он тамдидшуда ҳисобида мешавад, агар мақоми иҷозатдиҳанда дар мӯҳлати дар Қонуни мазкур пешбинигардида оид ба додан ё тамдид намудани мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳии дахлдор ба аризадиҳанда ҷавоб надода бошад. Пас аз гузаштани мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва дар сурати набудани огоҳиномаи хаттӣ аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда, аризадиҳанда метавонад ба фаъолияте, ки барои он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дархост намудааст, оғоз намояд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.