Фурудгоҳҳои асосии Маскав Анталя ва Дубайро аз самтҳои серталабтарин барои парвозҳо дар тобистони соли 2022 эълон карданд.

Аз Агентии иттилоотии “Москва” ба дафтари матбуоти фурудгоҳҳои Шереметево, Внуково ва Домодедово хабар додаанд, ки байни шаҳрҳои Русия аз ин лиҳоз Сочи, Санкт-Петербург ва Калининград пешсафанд.

Дар фурудгоҳи Внуково тобистони имсол ба 5-гонаи сераталаб Анталя, Ереван, Истанбул, Дубай ва Душанбе шомил гардидаанд.

Дар хатсайрҳои дохилӣ серталабтарин самтҳо шаҳрҳои Санкт-Петербург, Сочи, Махачқалъа, Калининград ва Минералние Води номида шудаанд.

Дар фурудгоҳи Шереметево серталабтарин самтҳои байнулмилалӣ барои мусофирон Анталя, Истанбул, Минск, Ереван, Боку, Алмато ва Нурсултон дониста шудаанд.

Дар хатсайрҳои дохили Русия чунин самтҳо серталаб унвон шудаанд: Санкт-Петербарг, Сочи, Екатеринбург, Калининград, Қазон, Самара, Махаҷқалъа ва Минералние Води.

Дар фурудгоҳи Домодедово серталабтарин хатсайрҳо дар дохили Русия Сочи, Санкт-Петербург ва Калининград ва дар хатсайрҳои байнулмилалӣ - Анталя-Тошканд ва Дубай арзёбӣ шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.