Дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт рӯзҳои 7-8 сентябр маҳдудият ба ҳаракати нақлиёт ҷорӣ мешавад, хабар медиҳад раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД.
Ба иттилои манбаъ, кӯчаву хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва С.Носири пойтахт аз соати 17:00 то 22:00 баста мешаванд.
Ин маҳдудият дар робита ба истиқболи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар пойтахт ҷорӣ хоҳад шуд.
Дар шаҳрдорӣ нақшаи дақиқи бастани роҳҳоро пешниҳод накарданд, аммо гуфтанд, кӯчаҳо аз Қасри миллат то майдони нави “Истиқлол” ва роҳҳои ҳамшафат ба сӯйи майдони “Дӯстӣ” баста мешаванд.
Ҳамчунин, раёсати БДА хабар медиҳад, ки воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.
“Ба меҳмонони пойтахт тавсия дода мешавад, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд, то дар ин рӯзҳо тамбашавии нақлиёт пешгирӣ карда шавад", - шарҳ доданд дар раёсати БДА-и шаҳри Душанбе.
БДА ҳамчунин аз сокинони пойтахт хоҳиш менамояд, дар рӯзҳои мазкур аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намуда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 8-уми сентябр маҷмааи нави майдони “Истиқлол” бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ мешавад ва дар ҳамин майдон бо ширкати дастаҳои эҷодӣ ва ҳунармандони маъруфи кишвар чорабинии идона баргузор мешавад.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста