Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи роҳандозии хидматрасонии нав ҷиҳати расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба тоҷикистониёни машғули кору таҳсил ва иқоматдошта дар қаламрави Русия хабар дод. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои мазкур хабар доданд.
Зикр шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқии онҳо ҳамарӯза рақами телефони ягона барои машварат фаъол аст:
+7 (965) 320 55 02.
Тариқи ин рақам шаҳрвандон метавонанд кумаки ройгони ҳуқуқӣ гиранд, аз ҷумла аз рӯи масъалаҳои вобаста ба қонуншиканиҳои маъмурӣ ва дигар масоили марбут ба будубош (ҳузур) дар Русия.
Машваратҳо аз ҷониби ҳуқуқшиносони соҳибтаҷриба дода шуда, ба ҳар як занг гурӯҳи иборат аз панҷ мутахассис посух медиҳанд.
Бино ба иттилои Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳар рӯз ба ин рақам метавонанд аз 600 то 800 муроҷиати шаҳрвандон қабул карда шаванд.
Ғайр аз ин, ҷиҳати муҳайё сохтани шароити мусоид барои шаҳрвандон рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз соати 11:00 то 16:00 дар дафтари кории Шӯрои ҷамъиятӣ (суроға: кӯч. Чаянов, офиси 302, метрои “Маяковский”, баромадгоҳи 1) рӯзҳои қабул ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо ҳуқуқшиносон тариқи ройгон машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.
“Ин иқдом ба беҳбуди дастгирии ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, бахусус дар шароити шадидтар шудани қонунгузории муҳоҷират ва тақвияти фишор боли кормандони хориҷӣ равона шудааст”, - зикр карданд дар Шӯро.
Қобили зикр аст, ки муҳоҷирон бисёр вақт аз фаъолияти начандон қаноатбахши намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия изҳори норозигӣ мекунанд.
Чанде пеш худи президент низ аз “фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон” дар қаламрави Русия изҳори норозигӣ карда, самаранокии начандони хуби кори онҳоро зикр кард.
Зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе ӯ таъкид дошт, ки “бо сабаби фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Русия, гурӯҳи корӣ рафта, вазифаҳои онҳоро иҷро карда истодааст”.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки таҳкими ҳамкорӣ бо сохторҳои Русия ва фаъол намудани кор бо диаспораҳо аз вазифаҳои афзалиятнок дар самти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба шумор мераванд.






Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста