ЧОРАБИНИҲОИ 28 МАЙ

- Имрӯз, соати 18:00 дарТеатри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 80-солагии Бурҳон Мамадқулов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон консерти ҷашнӣ баргузор мешавад. Иштирок дар консерт озод аст.

- Имрӯз дар доираи ҳафтаи кӯдакону наврасон баргузории фестивал-озмуни истеъдодҳои наврас бо унвони “Шукуфаҳои пойтахт” дар маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар идомаи кӯдакону наврасон ба мавзеъҳои фарҳангию фароғатии шаҳр ва Осорхона саёҳат мекунанд. Давоми рӯз баргузории аксияҳои “Нозирони навраси ҳаракати роҳ”, дастаҳои ихтиёрии “Патрулони сабз” ба нақша гирифта шудааст.

- Футболбози тими миллии наврасони то 16-солаи Тоҷикистон имрӯз бо тими миллии Афғонистон (U-16) бозӣ мекунанд. Онҳо дар бозии аввали худ дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муқобили ҳамсолони худ аз Туркманистон бо натиҷаи 4:1 ғалаба карданд.

- Имрӯз Ингмин Янг, ноиби раиси Бонки Осиёии Рушд (БОР) сафари расмии серӯзаи худро аз Тоҷикистон оғоз мекунад. Ин нахустин сафари ӯ ба кишвари мо аст.

- Соати 18:00 дар Театри "Аҳорун" консерти ҳаҷвнигори ӯзбек Аваз Охун баргузор мешавад. Нархи билет аз 100 то 200 сомонӣ аст. Чиптаҳоро дар сомонаи ticketon.tj дастрас кардан мумкин аст.

- Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.

Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 28 МАЙ

Соли 1994 – Қӯшунҳои сарҳадии кишвар таъсис дода шуд. Ин сана расман ҳамчун Рӯзи сарҳадбонҳо ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, масъалаи ташкили низоми мустақили муҳофизати сарҳадҳо ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар ҳамин замина, рӯзи 28 майи соли 1994 бо қарори Ҳукумати кишвар Қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон таъсис дода шуд.


Таърихи ин рӯз ба замони шӯравӣ бармегардад. Дар ҳамин рӯзи соли 1918, Шӯрои Комиссарони Халқӣ фармонеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он Хадамоти сарҳадӣ таъсис дода шуд. Соли 1923 Мактаби олии сарҳадӣ таъсис ёфт. Дар ҳамин давра низоми назорат ва гузаргоҳҳои расмии марзӣ низ ташаккул ёфт. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, як қатор кишварҳои пасошӯравӣ ин ҷашнро нигоҳ доштанд.

Соли 2003 – Қонун “Дар бораи реклама” қабул гардид. Ин қонун муносибатҳои вобаста ба истеҳсол, ҷойгиркунӣ ва паҳнкунии реклама дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасониҳоро танзим мекунад. 

Соли 2014 – Парлумони кишвар ба қонунгузорӣ тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он истифодаи “коктейли Молотов” (буталҳои оташзада) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба истифодаи ғайриқонунии силоҳи оташфишон баробар дониста шуд.  Ин тағйирот ба мақсади пешгирии истифодаи чунин воситаҳо дар гирдиҳамоиҳо ва намоишҳои оммавӣ қабул гардид. 

Соли 2019 – Дар шаҳри Душанбе Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони “Куруши Кабир”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1928 – Мавлуди Мардон Муҳаммадиев, олим ва забоншиноси тоҷик.

Соли 1938 – Зодрӯзи Бовар Хусравов, арбоби шоистаи Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

28 май Рӯзи байналмилалии ҳифзи саломатии занон таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1987 дар ҷаласаи панҷуми байналмилалӣ оид ба масоили саломатии занон, ки дар Коста-Рика баргузор гардида буд, таъсис ёфт.


Гарчанде мафҳуми “саломатии занон” бештар ба масъалаҳои репродуктивӣ марбут дониста мешавад, Ташкилоти Ҷаҳонии Беҳдошт (ТҶБ) онро ҳамчун ҳолати комили саломатии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ маънидод мекунад, на танҳо набуди беморӣ ё нуқсон.

Тибқи маълумоти ТҶБ ва дигар ниҳодҳои тандурустӣ, солҳои охир шумораи заноне, ки қобилияти таваллуд надоранд, рӯ ба афзоиш дорад. Айни ҳол беш аз 5% оилаҳо дар ҷаҳон бо ин мушкилот рӯбарӯ мебошанд.

28 майи соли 1961 ташкилоти мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон - Афви байналмилалӣ (Amnesty International) ташкил шудааст. Ин рӯз аз ҷониби ҳуқуқшиноси бритониёӣ Питер Бененсон таъсис ёфт.


Мақсадҳои асосии он манъи шиканҷа ва барҳам додани ҳукми қатл, таъмини муҳокимаи одилона барои маҳкумшудагони сиёсӣ ва озодии маҳбусоне гуфта мешуд, ки барои ақидаҳои сиёсӣ, динӣ ё виҷдонӣ маҳкум шудаанд.

28 май Рӯзи брюнетҳо (занони мӯйсиёҳ) таҷлил мешавад. Ин ҷашни ғайрирасмиест, ки эҳтимолан ба унвони ҷавоб ба Рӯзи мӯйсафедҳо (31 май) таъсис ёфтааст.


Тибқи таҳқиқоти илмӣ, мӯи сиёҳ аз ҷиҳати генетикӣ аломати доминантӣ маҳсуб мешавад ва дар аксарият дида мешавад.

Имрӯз рӯзи пайдоиши майонез аст. Аз ҳама ривояти мӯътамади пайдоиши майонез ба соли 1756 ва шаҳри Маон (Фаронса) марбут аст.

Дар давраи Ҷанги ҳафтсола, ҳангоми муҳосираи англисҳо, ошпази фаронсавӣ аз ҳисоби равғани растанӣ, тухм ва афшураи лимӯ як навъ омехта (соус) омода кард, ки ба ҳама писанд омад ва майонез ном гирифт.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 28 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 24+29º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.