ЧОРАБИНИҲОИ 1 ИЮН
- Имрӯз соати 11:00 ҳунармандони Театри давлатии Лӯхтак дар Боғи Ирами Душанбе намоишномаи “Рӯбоҳаки ҳилагар”-ро ба саҳна мегузоранд ва тамошо ройгон аст. Пеш аз оғози намоиш шоу-барнома низ баргузор мешавад.
- Инчунин имрӯз дар Сирки давлатӣ намоиши сиркӣ бо иштироки масхарабозон, гимнастҳои ҳавоӣ, ромкунандаи ҳайвонот, аз ҷумла хирс, ҳамдуна, саг, мор, уштур, мурғобӣ ба саҳна гузошта мешавад. Намоиш соати 10:00 оғоз мегардад ва ройгон буда, асосан барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва ятимхонаҳо намоиш дода мешавад, вале дигарон низ метавонанд ширкат варзанд.
- Имрӯз соати 11:00 дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский нахустнамоиши намоишномаи “Ғизоли заррин” дар коргардонии Некқадам Шоназаров баргузор мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.
- Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ мюзикли кӯдаконаи “Шоҳ ва шер” ба саҳна гузошта мешавад.
- Имрӯз, соати 16:00 дар “Боғи кӯдакону наврасон” намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуда, дастранҷи кӯдакону наврасони пойтахт ба намоиш гузошта мешавад. Соати 18:00 дар амфитеатри ин боғ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор шуда, ҳафтаи кӯдакону наврасон ҷамъбаст мешавад.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 ИЮН
Соли 1999 – Агентии назорати маводи мухаддир таъсис ёфтааст. Он бо дастгирии Барномаи назорати маводи мухаддири СММ ташкил шудааст.
Соли 2009 – Президенти Тоҷикистон дар бораи ҷани зодрӯзи Ҷалолуддини Балхӣ фармонеро имзо кард, ки тибқи он ҳар сол 30-юми сентбр Рӯзи Мавлоно таҷлил мегардад.
Соли 2011 – Парлумон лоиҳаи қонун “Дар бораи Палатаи ҳисобии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро тасдиқ кард.
Соли 2012 – Провайдерҳои интернети Тоҷикистон ба пардохти боҷи аксизӣ ба андозаи 3% оғоз карданд, ки он ҳанӯз аз 1 январи соли 2011 ҷорӣ шуда буд, вале масъалаи пардохти он аз ҷониби провайдерҳо танҳо моҳи ноябри соли 2011 матраҳ гардид.
Соли 2016 – Портали электронии “e-Visa” фаъол гардид, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, то барои сафари сайёҳӣ ё тиҷоратӣ ба Тоҷикистон раводидро бидуни ҳузур дар консулгариҳои кишвар ба даст оранд.
Соли 2016 – Парлумон қонуни иҷозати хусусигардонии муваққатии объектҳои давлатӣ ва инфрасохториро қабул кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1896 – Мавлуди Абдулло Раҳимбоев, ходими давлатӣ ва ҳизбии замони шӯравӣ.

Абдулло Раҳимбоев, тоҷикест, ки 98 сол пеш, 30-юми декабри соли 1922, Паймони таъсиси Иттиҳоди Шӯравиро имзо кардааст. Баъзе аз таърихнигорон ӯро ба он айбдор мекунанд, ки барои дар қаламрави кишварҳои дигар мондани шаҳрҳои тоҷикнишин мусоидат намуд.
Ҷонибдорони ӯ бовар доранд, ки Абдулло Раҳимбоев қурбонии режими Сталин шуда, соли 1937 ба қатл маҳкум гардид. Ӯ шахсиятест, ки бо гузашти беш аз 80 сол аз маргаш ҳанӯз бархӯрд ва нигоҳҳо ба ӯву фаъолияташ яксон нестанд.
Соли 1932 – Зодрӯзи Абдулло Раҳимов, файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа,
Соли 1932 – Мавлуди Наримон Акрамов, муаррихи варзида, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1934 –Абдулқодир Муҳиддинов, ходими давлатии шӯравӣ ва тоҷик дар 42-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1935 – Мавлуди Тӯрахон Аҳмадхонов, ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург.

Тӯрахон Аҳмадхонов дар рушди театру синамои тоҷик ба унвони ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург саҳми босазо дорад.
Нобурда тӯли фаъолияти ҳунариаш дар Театри мазҳакаи мусиқии Хуҷанд ва Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият карда, як муддат саркоргардони Театри давлатии ҷавонон будааст. Аз соли 1975 коргардон ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.
Беҳтарин намоишномаҳои таҳиякардааш “Ҷон модаракон”, “Эраҷ-паҳлавон”, “Баҳори понздаҳум”, “Шоҳ Лир”, “Роҳзанҳо”, “Бахтатро бедор кун” ном доранд. Худ дар дар саҳнаи театр нақшҳои Кайковус дар “Рустам ва Суҳроб”, Куйбишев дар “Ҳуррият”, Хоҷа дар “Хизматгори ду хоҷа” офаридааст.
Ҳамчунин дар филмҳои “Достони Сиёвуш”, “Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна”, “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Муҳаббат”, “Беҳуда хорам мекунӣ” нақшҳо бозидааст. Инчунин муаллифи як қатор асарҳои драмавӣ аст.
Соли 1978 – Зодрӯзи Шаҳоб Баҳромов, варзишгар (таэквон-до), Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
1-уми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин яке аз қадимтарин ҷашнҳои байналмилалӣ мебошад, ки қарори баргузор кардани он соли 1925 дар конфронси Женева оид ба беҳбудии кӯдакон қабул шудааст. Гарчанде маълум нест, чаро маҳз санаи 1-уми июн интихоб шудааст, ин рӯз имрӯз ҳамчун рӯзи шодиву фароғат барои кӯдакон ва ҳамзамон, як огоҳии ҷиддӣ ба ҷомеа ба шумор меравад.

Мақсади ин ҷашн таъмини ҳуқуқу ҳимояи кӯдакон аст, то онҳо дар муҳити амну осуда бузург шаванд, таълим гиранд, бо кори дӯстдошта машғул бошанд ва зиндагии арзанда дошта бошанд.
Инчунин имрӯз Рӯзи ҷаҳонии падару модарон аст. Ин рӯз бо қарори Маҷмаи умумии СММ ба хотири эҳтиром ва қадршиносии падару модарон дар саросари ҷаҳон таъсис ёфтааст. Ин ҷашн таъкид мекунад, ки онҳо дар тарбия, рушди маънавӣ ва иҷтимоии фарзандон нақши ҳалкунанда доранд ва сазовори қадрдонӣ мебошанд.
1 июн ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии шир мебошад. Мақсади ин сана таблиғи истифодаи шир ва маҳсулоти ширӣ, баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти он дар ғизо ва тандурустӣ, инчунин дастгирии соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ аст.

1 июни соли 1980, соати 6 шом бо вақти Атланта, шабакаи хабарии шабонарӯзии CNN (Cable News Network) ба пахши барномаҳо оғоз кард. Муассиси он соҳибкори амрикоӣ Роберт Эдвард Тернер (шавҳари собиқи ҳунарпешаи маъруф Ҷейн Фонда) буд.

Аввалин бор CNN ҳамагӣ 1,7 миллион муштарӣ дошт ва бо хисороти молӣ рӯбарӯ буд, вале Тернер аз мақсади худ даст накашид. Бартарии асосии CNN пахши мустақими рӯйдодҳои муҳими ҷаҳонӣ дар вақти воқеӣ буд.
Имрӯз CNN дар беш аз 200 кишвари ҷаҳон фаъолият дорад ва барномаҳои он ба тақрибан 1 миллиард нафар намоиш дода мешаванд.
Имрӯз инчунин рӯзи пайдоиши машҳуртарин қаҳрамони комиксҳо – Супермен аст. 1-уми июни соли 1938 шумораи аввали маҷаллаи Action Comics нашр шуд, ки дар он бори аввал Супермен ба саҳнаи афсонаҳои қаҳрамонӣ дохил шуд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 1 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º хунук, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 21+23º гарм.



