ЧОРАБИНИҲОИ 3 ИЮН
- Имрӯз соати 19:00 тими милли наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо мунтахаби наврасони то 15-солаи Русия дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозии тими милли наврасони то 16-сола баъди қаҳрамонӣ дар мусобиқаи CAFA-2025 аст ва қарор аст, ки рӯзи 6-уми июн низ бозии дӯстонаиа дигар баргузор шавад. Вуруд ба варзишгоҳ барои мухлисон ройгон ба роҳ монда мешавад.
- Имрӯз ва пагоҳ дар бинои марказии “Пойтахт” (ошёнаи 4-ум, утоқи 401) барои наврасони аз 10 то 18-сола рассомони касбӣ мастер-класс мегузаронанд. Дар он иштирокдорон, қаҳрамонҳои ҷолибро тасвир намуда, дар борааш достони шавқовар менависанд. Дар поёни мастер-класс намоиши корҳои онҳо ташкил мегардад. Иштирок ройгон аст.
- Сар аз дирӯз, 2-юми июн Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия идома дорад. Он то 5-уми июни соли равон мегузарад. Дар доираи он як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар баргузор мешавад.
- Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.
Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 3 ИЮН
3 июн дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз ҳамчун арҷгузорӣ ба заҳмату хизматрасониҳои доимии ин қишри заҳматкаш муқаррар гардидааст, ки саҳми муҳиме дар рушди инфрасохтор ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум доранд.

Соли 1956 – Канали Дилварзин ба истифода дода шуд. Ин канал дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии заминҳои ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда буд.
Соли 2003 – Дар шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳӣ алайҳи шаҳрванди Италия Иво Тониуто, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Душанбе-Лоҷистик” анҷом ёфт. Ӯ ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 1200 нишондиҳанда маоши ҳадди ақал маҳкум гардид.
Соли 2012 – Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон бо шаҳрвандони кишвар, ки дар зиндони “Пули Чархӣ” дар Кобул адои ҷазо мекарданд, мулоқот анҷом доданд.
Соли 2019 – Дар шаҳри Душанбе Нахустин Портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор – B2B (business to business – тиҷорат барои тиҷорат) бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, доираҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1909 – Мавлуди Раҳим Ҷалил, нависанда, тарҷумон ва драманависи тоҷик.

Раҳим Ҷалил яке аз нависандагони забардасти роману ҳикоянигор эътироф шудааст. Ӯ аввал дар мактаби куҳна, баъди Инқилоби Октябр дар мактаби шӯроӣ таҳсил гирифта, соли 1927 синфи ҳафтум, баъдтар курси кӯтоҳмуддати омӯзгориро хатм кардааст.
Аз соли 1931 ба рӯзноманигорӣ машғул шуда, бештар аз 20 сол дар рӯзномаҳои “Пролетари Хуҷанд”, “Ҳақиқати Ленинобод”, “Тоҷикистони Сурх” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” кор кардааст. Солҳои 1952-1989 котиби масъули шуъбаи Ленинободи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Раҳим Ҷалил ба саҳнаи адабиёт бо шеърнависӣ ворид шуда, баъдан асосан осори мансур офаридааст. Маъруфтарин романҳои ӯ “Одамони ҷовид” ва “Шӯроб” мебошанд, ки номи нависанда ба василаи эҷоди ин романҳо ҷовидона гардидааст.
Ӯ ҳамчунин як қатор осори саҳнавӣ ҳам офаридааст, ки аз рӯйи навиштаҳояш намоишномаҳои “Фарҳоду Ширин”, “Санавбар”, “Зани 96-ум”, “Ду вохӯрӣ”, “Дили шоир” ва ғ. Рӯйи саҳна омадаанд.
Раҳим Ҷалил 10-уми октябри соли 1989 дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1962 – Зодрӯзи Шавкат Бобозода, вазири пешини саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Шавкат Бобозода солҳои 1999—2004 дар вазифаҳои директори маркази шуғли аҳолии шаҳри Чкаловск (Бӯстони ҳозира), сардори идораи меҳнат, масъалаҳои иҷтимоии вилояти Суғд ва солҳои 2004—2012 ҳамчун муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Чкаловск фаъолият кардааст.
Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор мекунад.
Солҳои 2013—2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд.
Соли 2019 ба симмати директори сохтори навтаъсиси Агентии содироти Тоҷикистон нишаст. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.
Соли 2022 замоне ки ҳамчун роҳбари ин ниҳод кор мекард, аз сӯи мақомот боздошт гардид ва бар зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд.
Моҳи январи соли 2023 баъди барқарор кардани зарар дар ҳаҷми 280 ҳазор доллар, ӯ бо қарори додгоҳ 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 128 ҳазор сомонӣ ҷарима ва озод шуд.
Соли 1989 – Бурҳон Тӯраев, ҳунарпеша ва сарояндаи хизматнишондодаи тоҷик дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1993 – Зодрӯзи Шаҳриёр Ахмедов, муштзани тоҷик, Устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ.
Соли 1996 – Воҳид Асрорӣ, фолклоршинос, адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик дар 78-солагӣ аз олам даргузашт.

Воҳид Асрорӣ фолклоршинос ва аз устодони журналистика тоҷик аст. Гуфта мешавад, ки маҳз бо талошу пешниҳоду навиштаҳои тадриҷии ӯ ва ҳамақидаҳояш соли 1967 бахши омӯзиши тахассусии рӯзноманигорӣ таъсис ёфт.
Воҳид Асрорӣ то рӯзи фавт (соли 1996) дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати мудири кафедраи матбуот фаъолият дошт. Аммо ҳамзамон ӯ ба шогирдон аз фанни адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ дарс мегуфт.
Асрорӣ муаллифи маҷмӯаҳои “Салом мактаб”, “Ҳардуяшон нағз”, “Шарораҳо” ва ғайра буда, барои мактабҳои миёна ва барои мактабҳои олӣ китобҳои дарсӣ таълиф намудааст.
Муаллифи китобҳои дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 1, 2, “Забони тоҷикӣ” барои ҷаласаводон буда, асарҳои шоирону нависандагони халқҳои дигарро ба тоҷикӣ баргардонидааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
3 июн Рӯзи ҷаҳонии дучарха мебошад. Онро Маҷмаи Умумии СММ моҳи апрели соли 2018 расман эълон кардааст. Ҳадафи ин рӯз тарғиби истифодаи дучарха ҳамчун воситаи рушди устувор, таҳкими тарбияи ҷисмонӣ ва маърифат, ҳифзи саломатӣ, пешгирии бемориҳо, таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн ва ташаккули фарҳанги сулҳ аст.

3 июн Рӯзи расмии таъсисёбии дастаи футболи машҳури англисӣ – “Ливерпул” ба шумор меравад. Соҳибкор Ҷон Холдинг, ки асосгузори клуб маҳсуб мешавад, дастаи худро аз футболбозони касбии шотландӣ ташкил намуда, онро дар зодгоҳаш таъсис дод. 3 июни соли 1892 Ассотсиатсияи футболи Англия клубро расман ба қайд гирифт.
“Ливерпул” аввалин бор унвони қаҳрамонии Англияро дар мавсими 1900/01 ба даст овард. То имрӯз клуб яке аз пурифтихортарин дастаҳои футболи Бритониё ба ҳисоб меравад. Дар маҷмӯъ, “Ливерпул” 13 ҷоми аврупоиро ба даст овардааст, ки он пас аз “Реал Мадрид”, “Милан” ва “Барселона” ҷои чорумро ишғол мекунад.

Дар соли 2020, тибқи пажӯҳиши “CIES Football Observatory”, “Ливерпул” гаронтарин ҳайати бозигаронро дар миёни клубҳои Аврупо доро буд.
3 июни соли 1965 кайҳоннаварди амрикоӣ Эдвард Уайт аввалин шаҳрванди ИМА ва дуюмин инсон дар ҷаҳон гардид, ки ба фазои кушод баромад. Ӯ дар фазо 36 дақиқа қарор дошт ва барои ҳаракат аз дастгоҳи реактивии дастӣ истифода бурд. Дарозии умумии парвози ӯ 4 рӯзро дарбар гирифт.
Дар моҳи январи соли 1967 ҳангоми машқи омодагӣ дар киштии кайҳонӣ сӯхтор ба амал омад ва Уайт бо дигар аъзои экипаж ҳалок гардид. Ӯ пас аз марг бо Медали фахрии кайҳонии Конгресси ИМА сарфароз гардонида шуд.

Имрӯз, 3 июн, ҳамчун Рӯзи ихтирои парашют пазируфта шудааст. Эскизи аввалини парашютро Леонардо да Винчи ҳанӯз соли 1483 таҳия карда буд. Гарчанде ки ин намуна ба парашюти муосир шабоҳат дошт, набудани зарурати амалии истифодаи он монеаи татбиқи таҷрибавии он гардид.
Аввалин шахсе, ки парашютро сохта ва санҷида буд, физики фаронсавӣ Ленорман маҳсуб мешавад. Ӯ ба он номи “парашют” дод (аз калимаи юнонии “пара” – муқобил ва фаронсавии “шюте” – афтодан). Аммо то дергоҳ ҳавонавардон онро истифода намекарданд.
3 июни соли 1785 ҳавонаварди фаронсавӣ Франсуа Бланшар дар Лондон парашюти сохтаи худро намоиш дод. Дар ибтидо барои озмоиш ҳайвонотро истифода мебурданд. Аввалин инсон, ки бо парашют аз болони ҳавоӣ ҷаҳиш кард, аэронавти фаронсавӣ Андре-Жак Гарнерен буд. 22 октябри соли 1797 ӯ аз баландии 400 метр дар болои боғи Монсо дар Париж ҷаҳид. Ин амал аввалин ҷаҳиши парашютӣ дар таърихи Аврупо гардид.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 3 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º сард, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 23+25º гарм.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста