Хуҷанд. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Бар асари бӯҳрони молӣ шумори мусофирони Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд торафт камтар мешавад.

            Чӣ тавре ки иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди фурудгоҳ Рақиб Умаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ тавассути хатсайрҳои гуногун 55 ҳазор нафар мусофир ба хориҷи кишвар сафар кард, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18 дарсад камтар аст. «Ғайр аз ин, 1500 кило моли почта ва 50 тонна борхои гуногун низ ҳамлу нақл шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 15 дарсад камтар аст», - гуфт ӯ.

            Ба иттилои манбаъ, нархи роҳкиро дар ин давра боло нарафтааст. «Акнун барои раҳоӣ ёфтан аз чунин вазъ ният дорем парвози тайёрҳоро ба хатсайрҳои нав, аз қабили Алмаато, Бишкек ва Чин ба роҳ монем», - афзуд Р.Умаров.