Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни ироаи Паёми солонаи худ ба пралумони ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон изҳор дошт, сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҳаҷми пешбинишудаи афзоиши музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо дар соли равон бетағйир боқӣ мемонад. «Имрӯз низ, бо вуҷуди ин, ки имкониятҳои давлат бинобар шароити бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ маҳдуд шуда истодаанд, мо ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа – илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, бори дигар таъкид менамоем, ки сарфи назар аз душвориҳои бамиёномада ба ин соҳаҳо афзалият медиҳем», - гуфт ӯ.
Сарвари давлат гуфт, дар буҷети соли ҷорӣ маблағи умумии хароҷот барои соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 44 фоизи ҳаҷми умумии буҷет пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ё 56 фоиз зиёд мебошад. «Дар доираи маблағҳои пешбинишуда аз 1 июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг 30 фоиз ва аз 1 сентябр маоши кормандони соҳаи илм ва маориф 15 фоиз зиёд карда
мешавад», - таъкид дошт президенти Тоҷикистон.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста