Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ омода аст, пешниҳоди расмии мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радио оид ба барқарор сохтани пахши барномаҳои шабакаи телевизиони «РТР-Планета» дар қаламрави ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдуманнонов хабар дод. «Мо ҳеҷ гоҳ нагуфтаем, ки қарори қатъи пахши барномаҳои ин шабака ниҳоӣ асту дигар сари ин мавзӯъ барнамегардем ва агар аз ҷониби ширкати русиягӣ пешниҳодоти расмиву мушаххас садо диҳад, мо омодаем онро мавриди баррасӣ қарор диҳем», - гуфт ӯ.
Дар мавриди шарҳи масъалаи ба кадом шабака додани фазои қаблии пахши барномаи шабакаи телевизиони «РТР-Планета» номбурда гуфт, масъалаи мазкур дар ҳоли баррасист ва хоҳишмандони пахши барномаҳо тавассути он низ мавҷуданд, вале аз ба забон овардани номи аққалан яке аз ин ширкатҳо худдорӣ кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста