Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл мулоқоти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани баргузор шуд.
Чӣ тавре ки сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот сафир ба вазъи мавҷудаи ҳизби ягонаи исломӣ дар минтақа ва муносибати ҳукуматдорон бо он таваҷҷӯҳ зоҳир сохт.
Дар посух раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки мушкилоти ҳизб маҳз дар он ифода меёбад, ки он ягонаву танҳо аст. «Аз як тараф, моро ҳукуматдорон танқид мекунанд, ки ҳизб исломро ба ҷомеа таҳмил месозад, аз тарафи дигар, баъзе доираҳо моро ҳизби ғайриисломӣ мехонанд ва ин дар ҳолест, ки ҳизби мо усулҳои демократиро сармашқи фаъолияти худ қарор додааст», - гуфтааст ӯ.
Ҳ.Сайфуллозода афзуд, дар мулоқот ҳамчунин масоили омодагии ҳизб ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ, таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста