Душанбе. 17-уми апрелл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни баргузории семинари САҲА оид ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шуҷоат Ҳасанова гуфт, то имрӯз аз 180 ҷойи кории пешбинишуда дар Тоҷикистон баҳри пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молӣ ҳудуди 30 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё карда шуд.
Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати дастгирии муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта як қатор санадҳои қонунгузорӣ қабул гардида, дар семинар низ пешниҳод оид ба ворид сохтани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷират» садо дод.
Роҳбари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Сергей Пряхин гуфт, ахиран дар Тоҷикистон бисёр ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегарданд, ки ҷиҳати пешгирии авҷи бекорӣ дар замони буҳрони молӣ падидаи мусбат аст. Ӯ инъикоси симои манфии муҳоҷири меҳнатӣ дар васоити ахбори умумро ғайримақбул арзёбӣ намуда, изҳор дошт, Дафтари САҲА барои нашри маводи беҳтарин оид ба симои мусбати муҳоҷири меҳнатӣ озмун эълон хоҳад кард.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста