Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ҳайати намояндагони бонку соҳибкорони Латвияро таҳти сарварии сафири ин кишвар Игорс Апокинс ба ҳузур пазируфт.

Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Латвия ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид сохтани таҷҳизот ва технологияи муосир омодагӣ изҳор кардааст.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони Латвия барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳо, истифодаи контейнерҳои қатора ва ҳаллу фасли масоили раводидро мувофиқи мақсад донистаанд.

Дар навбати худ Шариф Саид меҳмононро мутмаин сохт, ки ҷиҳати ҳалли масоили матраҳшуда ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба тамоми кӯшишотро ба харҷ хоҳад дод.