Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Бар асари бӯҳрони молӣ гумрукчиён аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи семоҳаи аввал баромада натавонистанд.
Имрӯз дар нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Неъматбой Раҳматов изҳор дошт, ки ба ҷойи 475 млн. сомонии пардохтҳои пешбинишуда, дар семоҳаи аввал 357,4 млн. сомонӣ маблағҳои пардохти гумрукӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 75 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Н.Раҳматов гуфт, ба иҷрои нақша дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ коҳиши ҳаҷми молҳои воридотӣ ва паст шудани нархи баъзе аз маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонидааст. «Масалан, агар арзиши 1 тонна бензин соли гузашта ба 700 $ баробар буд, пас соли равон он 350 $ аст», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, агар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 18 ҳазор адад автомобил ворид гардида бошад, пас дар семоҳаи соли равон шумори он то 12 ҳазор адад камтар шуда, ба иллати он ба буҷаи давлатӣ 11 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста