Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз меъмори яке аз ширкатҳои бонуфузи сохтмонии «Аднан Сафаранини»-и Аморати Муттаҳидаи Араб Аҳмад Сафарини дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ширкат ба иштирок дар амалисозии нақшаи генералии шаҳри Душанбе, тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва сармоягузорӣ ба бахши сохтмони Тоҷикистон омода аст. «Мо омодаем, ки дар ҳамаи тендерҳои эълоннамудаи ҳукумати ҶТ дар бахши сохтмон ширкат варзем», - гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, чанде қабл намояндагии ширкат дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин намояндагӣ мебошад. «Бо намояндагони мақомоти шаҳрдории пойтахт ва тоҷирон оид ба дурнамои роҳандозии ҳамкориҳо гуфтушуниди судманд сурат гирифт», - изҳор дошт вай.
Тоҷири арабӣ таъкид сохт, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон хеле мусоид аст ва сохтмони роҳҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар онро барои сайёҳони хориҷӣ ҷолибтар хоҳад кард. «Фардо бо чанде аз ректорони макотиби олии ҷумҳурӣ перомуни тайёр кардани мутахассисони бахши сохтмон аз ҳисоби ҷавонони Тоҷикистон сӯҳбат хоҳам кард», - гуфт ӯ.
Ҳамзамон пагоҳ ӯ дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон маърӯза хоҳад кард. Бо ишора ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ тоҷири араб гуфт, ширкати онҳо аз он ҳеҷ хисороте набардоштааст ва «бӯҳрон муваққатӣ асту мегузарад». «Моро зарур аст, ки ба оянда бо назари нек нигарем», - афзуд А.Сафарини.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста