Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои 23-25-уми апрел дар шаҳри Екатеринбурги Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Чӣ тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабиниҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи «Аврупо-Осиё: қаламрави фарҳанг» дар Маркази иттилооти китобхонаи «Урал» доир мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, нақшаи чорабиниҳо аз саёҳати виртуалӣ дар мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, шиносоӣ бо дастовардҳои мардуми кишвар, баргузории викторинаҳо, вохӯриҳо бо намояндагони ҷомеаи миллӣ, оростани дастурхон бо шириниҳои шарқ ва ғайра иборат аст.
«Ҳамчунин дар намоишгоҳҳо сокинони шаҳри Екатеринбург бо расму оинҳои миллӣ, осори адабиву таърихӣ, фаъолияти театру вазъи кино дар Тоҷикистон ошно хоҳанд шуд», - афзуд манбаъ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста