Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар Вазорати молияи ҶТ вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов ва иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Саодат Бозорова Созишнома миёни ҳукумати ҶТ ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи маблағгузории бурси барномавӣ ҷиҳати таҳияи чорабиниҳо дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА-ро ба имзо расониданд.
Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадаф аз кӯмаки мазкур – таъмини минбаъдаи ислоҳот ва иҷрои барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аст. «Нахуст ҳаҷми маблағи бурси мазкур 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод, вале дар натиҷаи гуфтушуниди ҷонибҳо ва бо назардошти осебпазирии Тоҷикистон ба оқибатҳои таъсири бӯҳрони молӣ он то 20 млн.
$
зиёд карда шуд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, бурси мазкур ҳамчун дастгирии мустақими буҷа баҳри таъмини устувории макроиқтисодӣ, маблағгузорӣ ба барномаҳои иҷтимоӣ, дастгирии чорабиниҳо оид ба рушди соҳибкории хусусӣ ва ташкил кардани хадамоти ҳирфаии давлатӣ равона мегардад. «Кӯмак ба ҳукумати кишвар барои сабук кардани тартиби маъмурии бақайдгирӣ ва фаъолияти корхонаҳои бахши хусусӣ, таъмини шаффофияти хусусигардонии корхонаву муассисаҳои давлатӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи ҳавопаймоӣ, энергетика, кишоварзӣ, ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ва беҳбуди пешниҳоди хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маориф шароити муосид фароҳам хоҳад овард»,- афзуд сарчашма.



Боздид аз Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ва Қалъаи Бухоро. Эмомалӣ Раҳмон дар Бухоро кадом мавзеъҳоро зиёрат кард?
Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?
“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?
“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54
Аз имзои санадҳои наву оғози бунёди чанд коргоҳ то ифтитоҳи бинои нави сафорату ширкат дар барномаи “Шоми дӯстӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026
Эрон бо чӣ роҳ мехоҳад дар ҷанг пирӯз шавад? Роҳбурди ҷангии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари ҳамлаи Амрико ва Исроил
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста