Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон сарвари кулли ширкати миллии ҳавопаймоии «
Tajik
Air
» Алимурод Маҳмадалиев изҳор дошт, ки парвози мунтазами тайёраҳо бо хатсайри самти Душанбе-Тошканд пас аз имзои созишномаи байниҳукуматии кишварҳо ба роҳ монда мешавад.
Ба гуфтаи сарвари кулли ширкат, созишномаи байниҳукуматӣ дар ин бора комилан аз ҷониби Тоҷикистон маъқул шуморида шуда, феълан он мавриди баррасии ҷониби Ӯзбекистон қарор дорад ва дар сурати маъқул шуморидани он аз ҷониби Ӯзбекистон, ширкат омода аст, на танҳо ба шаҳри Тошканд, балки ба дигар шаҳрҳои кишвари ҳамсоя низ хатсайрҳои ҳавоӣ ифтитоҳ намояд.
«Дар музокироти мақомоти раҳбарии ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Ӯзбекистон йӯллари», ки рӯзи 4-уми март дар шаҳри Тошканд доир гардиданд, ҳамчунин ҷиҳати аз Ӯзбекистон харидорӣ намудани як миқдор тайёраҳои хурд ва таъмири тайёраҳои навъи «Боинг» дар таъмиргоҳи Ӯзбекистон низ тавофуқ ҳосил шуд», - афзуд А.Маҳмадалиев.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста