Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи ҳафтаи бахшида ба таҷлили ҷшни 90-умин солгарди таъсисёбии Созмони байнулмилалии меҳнат дар 182 кишвари узви созмон таҳти унвони «90 соли фаъолият ба хотири адолати иҷтимоӣ» чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.
Чӣ тавре ки аз намояндагии СБМ дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, шурӯъ аз 21-уми апрел оид ба фаъолияти созмон дар радиову телевизион барномаҳо пахш гардида, намоишгоҳу ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ доир карда мешаванд ва дар сатҳҳои гуногун муколамаву гуфтушунидҳои судманд сурат хоҳанд гирифт.
Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабиниҳое, ки дар саросари ҷаҳон баргузор мешаванд, шарикони созмон – намояндагони ҳукуматҳо, корҷӯёну корфармоён, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, намояндагони мардумӣ, аҳли ҷомеа ва олимону равшанфикрон ширкат хоҳанд варзид. «Дар чорабиниҳо нақши СБМ дар ҳалли мушкилоти рӯзмарра дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт», - афзуд манбаъ.



Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста