Душанбе. 23-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 17 нерӯгоҳи нави хурди барқӣ ба истифода дода шуд.
Муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ин нерӯгоҳҳо дар як шабонарӯз то 700 кВт нерӯи барқ истеҳсол карда, беш аз 400 оила ва 11 корхонаву муассисаро бо нерӯи барқ таъмин месозанд. «Айни замон бунёди боз 20 нерӯгоҳи хурд дар кишвар идома дошта, дар семоҳаи аввал 2 истгоҳи барқии бодӣ низ мавриди истифода қарор гирифт», - гуфт ӯ.
П.Муҳиддинов гуфт, сарфи назар аз мухолифати баъзе кишварҳои ҳамсоя, сохтмони иншооти бузурги гидроэнегетикӣ идома ёфта, ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғунро афзоиш медиҳад ва 200 млн. сомонӣ маблағеро, ки барои соли равон ба ин иншоот пешбинӣ шудааст, сохтмончиён соли равон бояд азхуд кунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста