Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои 28-29-уми апрел дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи пешбурди манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби бунёди рушди Оғохон дастгирӣ мешавад, дар шаҳри Душанбе семинар-тренинг
доир гардида, дар он мушкилоти роҳандозии ҳамкории дуҷонибаи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва васоити ахбори умум мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози лоиҳа Илҳом Нарзиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар чорабинӣ баррасии лоиҳаҳои арзишманду ҷолиб барои ВАО ва муҳокимаи иштибоҳоти маъмули ҷойдошта дар ҳамкории ТҒД ва ВАО ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар тренинг ба машғулиятҳои амалӣ, аз ҷумла вижагиҳои инъикоси мавзӯъҳои марбут ба ҳаёти ҷомеа, таҳияи иттилоияҳо ва баргузории конфронсҳои матбуотӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.
Семинар дар бинои маҷмааи табъу нашри шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он омӯзгорони факултаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ҳайси тренерон иштирок мекунанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста