Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон қарор ба имзо расонид.
Чӣ тавре ки сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мутобиқи қарори мазкур, истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони пойтахт дар истироҳатгоҳҳои берназшаҳрии дараҳои Варзобу Ромит ва инчунин дар истироҳатгоҳҳои солимиву варзишии назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ ташкил карда мешавад. «Ташкили истироҳату фароғати 1600 кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва ҳудуди 3 ҳазору 600 нафар дар истироҳатгоҳҳои назди макотиб ба нақша гирифта шудааст», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи сухангӯи раиси пойтахт, М.Убайдуллоев дар ин робита ба мақомоти дахлдор супориш додааст, ки истироҳати тарбиятгирандагони инетрнату хонаҳои кӯдакон ва фарзандони оилаҳои камбизоат аз ҳисоби буҷаи шаҳр таъмин гардад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста