Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар вохӯрии мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҶТ бо намояндагони созмонҳои мададрасон, ки ба таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бахшида шуда буд, вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки барои маблағгузорӣ ба амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумат 180-200 млн. $ маблағи иловагӣ зарур аст.
С.Наҷмиддинов гуфт, маблағгузорӣ ба амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумат асосан аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, вале чун имконоти молии ҳукумат маҳдуд аст, ҷумҳурӣ ба ҷалби сармоя аз хориҷи кишвар, аз ҷумла, дастгирии созмонҳои мададрасон умед дорад.
Вазири молия хотирррасон кард, ки пас аз ворид сохтани тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатии соли 2009, ҳаҷми даромадҳои буҷа ба андозаи 9,8 дарсад аз нишондиҳандаи қаблӣ (459 млн. сомонӣ) ва ҳаҷми хароҷот ба миқдори 9,6 дарсад (459 млн. сомонӣ) коҳиш меёбанд.
С.Наҷмиддинов зикр кард, ки маблағи созмонҳои мададрасон баҳри дастгирии буҷаи соли 2009 ба 72 млн. доллари ИМА баробар аст. «Аз ин миқдор 20 млн. $ маблағи Бонки ҷаҳонӣ, 40 млн. $ маблағи Бонки рушди Осиё ва 12 млн. $ маблағи Комиссияи Аврупо аст», - афзуд вазири молия.



ФАВРӢ! Алии Хоманаӣ, роҳбарии олии Эрон кушта шудааст
Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон. Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандононаш тавсия дод, ки Эронро тарк кунанд
Вазорати корҳои хориҷии Эрон: “Бо иқтидор ҷавоби таҷовузкоронро медиҳем”
Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард
Хабари муҳим барои ронандагони воситаи нақлиёт: Оғози ҷаримаи худкор барои надоштани суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии мошин
НАВШУДА: Трамп оғози "амалиёти размӣ"-и Амрико алайҳи Эронро тасдиқ кард
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ зерсохтори бехатарӣ дар роҳ пайдо шуд
Амрикоиҳо тоҷикӣ меомӯзанд. Қиссаи тоҷике, ки дар Донишгоҳи Канзас дарси забони тоҷикӣ медиҳад
Афзоиши пешниҳоди қарз ба аҳолӣ аз сӯйи бонкҳои Тоҷикистон
Сабтиноми довталабон барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз мешавад. Довталаб бояд чиро донад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста