Боронҳои шадиди муттасил ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 43 млн. сомонӣ хисорот ворид сохтанд
15:17, 13 май, 2009Муаллиф: Мавҷуда ҲаÑанова
Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» -Имрӯз дар ҷамъи рӯзномнигорон сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Саидмурод Баҳриддинов изҳор дошт, ки боронҳои шадиди муттасил ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 43 млн. сомонӣ хисорот ворид сохтанд.
Ба гуфтаи ӯ, боронҳо беш аз 14 ҳазор гектар заминҳоро шустаанд ва аз ҳама бештар ба заминҳои кишти чигит зарар расонида шудааст. «Аз борон 5 ҳазору
390 гектар
заминҳои кишти чигит осеб диданд, ки 3,3 дарсади майдони пешбинишуда барои кишти пахта дар ҷумҳуриро ташкил дода, маблағи зарар ба 5 млн. 390 ҳазор сомонӣ баробар аст», - гуфт вай.
Номбурда гуфт, инчунин беш аз 3,6 ҳазор гектар заминҳои кишти зироати ғалладона, ҳудуди
700 гектар
кишти сабзавот,
124 гектар
кишти картошка ва
718 гектар
зироатҳои полизӣ низ зарар дидаанд. «Айни замон ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кӯмак ба ноҳияҳои осебдида бо вазорати рушди иқтсиод ва савдои ҷумҳурӣ ва ҳамчунин созмонҳои мададрасон гуфтушунид идома дорад», - афзуд С.Баҳриддинов.
Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста