Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Бо тавсияи Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон тарофаҳои истифодаи об зиёд карда мешавад.

Чӣ тавре ки сарвари кулли КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Раҳмат Бобокалонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, айни замон ба ҳисоби миёна арзиши истифодаи 1 метри мукааб об барои аҳолӣ 18 дирамро ташкил дода, арзиши баландтарини он ба 56 дирам (барои корхонаҳои тиҷоратӣ) баробар аст. «Дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ИДМ ва Аврупо дар Тоҷикистон арзиши истифодаи об пасттар аст», - гуфт ӯ ва афзуд, ки минбаъд низ мунтазам арзиши истифодаи об боло хоҳад рафт.

Ба гуфтаи Р.Бобокалонов, феълан таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби низоми обтаъминкунӣ тавассути қубурҳои обгузар 60 дарсадро ташкил дода, дар шаҳрҳо 90 ва деҳот ҳамагӣ 20 дарсади аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд.