Душанбе. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аввалин муассисаи хусусии таълимии дунявӣ-динии ба номи «Абӯҳанифа» муаррифӣ мешавад. Муассисаи мазкур нахустин мадрасаи мутавасситаи пилотӣ ё намунавӣ дар кишвар мебошад, ки таълимро дар заминаи синтези фанҳои дунявӣ ва динӣ ба роҳ мондааст.
Идеяи ифтитоҳи чуниин муассисаи таълимӣ се сол қабл дар ҷараёни фаъолияти Муколимаи дунявиён ва дингароён пайдо шуда буд. Дар муддати се сол аз ҷониби якчанд гурӯҳҳои корӣ, ки аз мутахассисони шинохтаи дунявӣ ва фақеҳњони исломӣ иборат буданд, барномаи таълимӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин, барои муаллимони оянда тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар он барномаи вежаи таълимӣ аз санҷиш гузашт.
Дар мадрасаи намунавӣ фанҳои дунявӣ ва динӣ баробар таълим дода мешаванд, то ин ки хатмкунандагони он донишҳои васеи чи динӣ ва чи дунявӣ дошта бошанд.
Феълан дар муассисаи таълимии намунавӣ 20 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон таълими дунявӣ ва динӣ мегиранд. Ба онҳо устодони варзидаи фанҳои дунявӣ ва динӣ, тибқи барномаи муназзам ва нақшаи таълимӣ дарс мегӯянд.
Ба муассисаи таълимӣ ҳама хоҳишмандоне, ки мактаби таҳсилоти ҳамагониро хатм намудаанд, қабул карда мешаванд. Дар ин бора директори муассисаи хусусии таълимии дунявӣ-динии ба номи «Абӯҳанифа» - Алиев Рабӣ Юнусович хабар дод.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста